Пайвандҳои дастрасӣ

Абадӣ номзад ба мақоми нахуствазирӣ муаррифӣ шуд


Бино ба гузоришҳо, раиси ҷумҳури нави Ироқ аз Ҳайдар Абадӣ-сиёсатмадори шиаи ин кишвар хостааст, ки кобинаи нави ҳукумати Ироқро ташкил диҳад. Ин тасими президент Фуод Маъсум дар ҳоле пахш шуд, ки эътилофи аслии шиаҳои порламон бо номи Эътилофи миллӣ Абадиро ба ҷои Нурӣ ал Моликӣ ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ намуд.

Моликӣ аз соли 2006 ба ин сӯ мақоми нахуствазириро дар Ироқ бар уҳда дорад ва вайро барои ташдиди муноқишаҳои мазҳабӣ муттаҳам медонанд.

Моликӣ иддао дорад, ки бар зидди Фуод Маъсум-раиси ҷумҳури нави Ироқ барои нақзи Қонуни Асосӣ парванда таҳия мекунад. Баъд аз интихоботи моҳи апрел то ҳол Моликӣ кафили мақоми нахуствазири кишвар аст ва дархости сунниҳо, курдҳо ва баъзе шиаҳоро дар бораи истеъфо нодида гирифтааст.

XS
SM
MD
LG