Пайвандҳои дастрасӣ

"Созидание" баҳси додгоҳии 67 миллион долларро бохт


Бинои меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе

Бинои меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанберо дар мавриди пардохти 322 миллион сомони ҷарима аз тарафи ширкати «Созидание» бетағйир гузошт.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷараёни мурофиаи рӯзи 12 август хабар дод, ки Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рузи сешанбе пас баҳсҳои тезутунди намояндагони ширкати "Созидание" ва Кумитаи андоз ҳалномаи худро содир ва аз ҳукми додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанберо, ки 29 май содир шуда буд, ҳимоят кард.

Қарори додгоҳ норозигии намояндаи ширкати "Созидание" Игор Серебряковро ба миён овард, ки гуфт, бо дастрас кардани матни комили ҳалнома ба Раёсати Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят хоҳанд кард. Вай афзуд, дар ҳоли боқӣ мондани ҳалмномаи феълӣ "Созидание" ба Додгоҳи байнулмилалии ҳакамӣ муроҷиат хоҳад кард.

Дар моҳи май ширкати «Созидание» ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурда, хост, хулосаи Кумитаи андозро бекор кунад. Аммо Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикояти «Созидание»-ро беасос хонда, баҳсро боз ҳам ба фоидаи кумитаи андоз ҳал карда буд. Ба дунболи ин "Созидание" аз болои ҳукми додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурд.

Рӯзи 11 август ширкати "Созидание" пешниҳод кард, дахлу харҷи он аз нав шумурда шавад. Игор Серебряков, ҳуқуқшиноси ширкати «Созидание», ки барои ҳимоя аз ҳаққи ин ширкат аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, дар мурофиа гуфт, қарзе, ки ба ин ширкат рабт дода мешаванд, воқеӣ нест ва нодуруст ҳисобу китоб шудааст.

Аммо Мэлс Меликов ҳуқуқшиноси Кумитаи андози Тоҷикистон дар посух гуфт, зарурати ташхиси дубораи ширкат вуҷуд надорад ва арқоме, ки онҳо ошкор кардаанд воқеист. Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан бо ташхиси фаъолияти сесолаи ширкати мазкур элон кардааст, ки «Созидание» 322 миллион сомонӣ муодили 67 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз қарздор аст.

Игор Серебряков зикр кард, ки ширкати "Созидание" бар асоси як созиш миёни президентҳои Тоҷикистону Русия таъсис ёфта, аввалин хишти меҳмонхонаро ҳам шахсан худи президент Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст. Меҳмонхона бо пули Русия бунёд шудааст ва бино бар ин дар Маскав бодиққат ин баҳсро пайгирӣ доранд. Ба таъкиди Игор Серебяков чунин муносибати Кумитаи андози Тоҷикистон ба фазои сармоягузорӣ таъсири бад мерасонад ва метавонад ба як ҷанҷоли байналмилаллӣ бипечад. Масъулони ширкати "Созидание" мегӯянд, Кумитаи андоз моликияти ширкатро ҳабс кардааст, онҳо ҳоло метавонанд фаъолият кунанд, аммо ин ҳуқуқро надоранд, ки биноҳо ва ягон моликияти ширкатро харидуфурӯш кунанд.

Игор Серебряков ҳуқуқшиноси ширкати «Созидание» дар мурофиаи додгоҳӣ зикр кард, ки беш аз ними ин қарзҳо ба муомилае рабт доранд, ки дар Кипр гузаштааст. Дар Кипр, ба гуфтаи ӯ, соли 2011 молики қаблӣ - WTT Hotels one Limited “Созидание” ро ба “SUNLINK LIMITED, ширкати дигари кипрӣ ба маблағи 100 миллион доллар фурӯхт ва тибқи қонуни пешинаи андози Тоҷикистон, аз муомилоте, ки дар хориҷ мешавад, ба Тоҷикистон андоз набояд пардохт шавад.

Дар навбати худ ҷониби Кумитаи андоз мегӯяд, нақзи қонуни андоз аз тарафи ширкати "Созидание" дар соли 2013 ошкор шуд, бино бар ин онҳо ҳуқуқ доранд то 5 соли пешро тафтиш кунанду қонуншинканиҳоро ошкор созанд. Аммо масъулони "Созидание" мегӯянд, онҳо давоми 5 соли фаъолияти худ 13 миллион доллар андоз супурдаанд.

«Созидание» ягона ширкате нест, ки аз ҷониби кумитаи андоз барои напардохтани андоз муттаҳам мешавад. Ин ширкат, ки ба Олег Дерипаска, миллиардери ба Кремл хеле наздик дониста мешавад ба ҷуз аз меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe, як маркази тиҷории дараҷаи «А» низ дорад ва дар он намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ - IFC ва Бонки ҷаҳонӣ мустақар шудаанд.

Мушкилоти ширкати «Созидание» бо ниҳодҳои андози Тоҷикистон замоне сар зад, ки ширкати дигари Олег Дерипаска - «РусАл» дар додгоҳи ҳакамии Швейтсария бар коршарики корхонаи аллюминюм «Талко» - «СDH Investment” - ғолиб омада, онро ба пардохти 274 миллион доллар қарзу ҷарима муваззаф кард.

Бархе аз коршиносон такя ба ин пирӯзии «РусАл» ба коршарики «Талко» ҳадс мезананд, пайдо шудани мушкил дар пешбурди бизнеси Олег Дерипаска дар Тоҷикистон ба кашмакашҳои додгоҳии ширкати «Русал»-и ӯ бо корхонаи тавлиди алюминюми Тоҷикистон «Талко» бастагӣ дорад.

Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар ширкати «Созидание» беш аз 177 миллион сомонӣ андози пардохтношуда кашф карда буд. Бино ба навиштаи Кумитаи андоз, молики аввалии “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр буд, ки 100 дарсади саҳмияҳоро дар ихтиёр дошт. Аммо 11 августи соли 2008 ин ширкат саҳмияҳояшро ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Ҷумҳурии Кипр фурӯхта, аз ин амалиёт андоз аз даромадро ҳисоб ва пардохт накардааст.

Бо назардошти ҷаримаҳо Кумитаи андоз ширкати «Созидание»-ро ба беш аз 322 миллион сомонӣ ва ё 65 миллион доллар андозҳои пардохтношуда муваззаф кард.

Ширкати «Созидание» ба навбати худ ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурда, аз додгоҳ хост, ки ин амри Кумитаи андозро бекор кунад.Аммо бино бар изҳороте, ки сомонаи Кумитаи андоз тоза рӯзи 4 июл нашр кард, додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳанӯз рӯзи 29 май шикояти ширкати «Созидание»-ро беасос хонда, баҳсро боз ҳам ба фоидаи кумитаи андоз ҳал кардааст.

Тавре Кумитаи андоз шарҳ додааст, дар ин мурофиаи додгоҳӣ ҳатто намояндагони сафоратҳои Амрикову Русия ва ҳам намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба таъкиди ин ниҳод, масъулони ширкати «Созидание» дар мурофеаии додгоҳӣ «мавқеи худро тибқи қонунгузорӣ бо далелҳо асоснок карда натавонистанд».

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон бо сармоядорони қудратманди хориҷӣ дастбагиребон мешаванд ва ба бастани ҷаримаҳои ҳангуфт ва ё дубора давлатӣ кардани корхонаҳову ширкатҳои марбут ба миллиардерони «бегона» иқдом мекунад.

Рӯзи 23 июн додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон бар асоси даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон шартномаи хариду фурӯши корхонаи «Тоҷиказот»-ро бекор карда, ин корхонаи марбут ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташро моли давлат эълон кард. Дар моҳи апрел корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар маркази Душанбе, ки низ ба Фирташ рабт дода мешавад, низ давлатӣ карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG