Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Бобоҷон ва волии Бадахшон аз сӯиқасд наҷот ёфтанд


Генерал Бобоҷон
Генерал Бобоҷон

Шуморе аз мақомҳои амниятӣ ва мақомҳои баландпояи маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон аз муҳосираи ду соатаи Толибон наҷот ёфтанд.

Гулмуҳаммад Бедор, муовини фармондеҳии амнияти вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, волӣ, фармондеҳи амният ва фармондеҳи пулиси ин вилоят имрӯз барои ду соат дар муҳосираи мухолифони мусаллаҳи давлат дар вулусволии Ҷурм қарор доштанд.

Оқои Бедор гуфт, ин мақомот имрӯз барои баррасии вазъ ба вулусволии Ҷурм рафта буданд, ки дар масири роҳ бо камини Толибон рӯбарӯ шуданд. Аммо ба гуфтаи вай, нерӯҳои амниятии афғон ба кӯмаки онҳо шифтофтанд ва бо дарҳам шикастани муҳосира, онҳо аз ин камин раҳо ёфтанд. Мақомоти Бадахшон мегӯянд, ки дар даргирӣ миёни нерӯҳои амниятии афғон ва мухолифони мусаллаҳ талафот низ вуҷуд доштааст, аммо дар мавриди шумораи дақиқи он шарҳ дода нашудааст.

Аммо Навид Фурӯтан, сухангӯи волии Бадахшон ба хабаргузории "Хома" гуфтааст, ки дар ин рӯйдод ба ин мақомҳои баландпояи Бадахшон осебе нарасида ва нерӯҳои амнияти миллӣ, ки пешопеши корвон қарор доштаанд, бо оғози даргирӣ ба мубориза дар баробари ҷангҷӯёни мусаллаҳ оғоз карданд. Вай инро низ гуфт, ки волӣ, фармондеҳи пулис ва раиси амнияти миллии Бадахшон бо оғози даргирӣ дубора ба вулусолии Ҷурм баргаштаанд. Ба гуфтаи оқои Фурӯтан, дар ин даргирӣ 3 толиб кушта ва ду тани онҳо захмӣ гардида ва ҳамчунон чаҳор тан аз сарбозони амнияти миллӣ низ захмӣ шудаанд

Генерал Бобоҷон, фармондеҳи пулис, фармондеҳи амният ва Шоҳ Валиюллоҳ Адиб, волии Бадахшон ва сухангӯи волии Бадахшон субҳи имрӯз барои баррасии вазъи амниятии вулусволии Ҷурм ба ин минтақа рафтанд, ки дар масири роҳ бо як камини Толибон рӯбарӯ шудаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин афрод тайи як барнома хостаанд, ки аз маҳали набард бо Толибон диду боздид намоянд, ки дар маҳале бо номи Пули Али Мағлон дар як камин гир мондаанд ва даргирии шадид ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки генерал Бобоҷон рӯзи гузашта ба унвони фармондеҳи нави пулиси ин вилоят оғоз ба кор карда буд. Гурӯҳи Толибон то кунун дар мавриди ин рӯйдод изҳори назар накардааст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон дар ду соли ахир ба мавҷи нооромиҳо рӯбарӯ буда ва Толибон дар бархе аз манотиқи он ҳузури густарда пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар ин минтақа, афроди хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG