Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам мулоқот мекунанд


Намояндагони расмии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар нимаи дуввуми 11 август барои баррасии ҳодисаи куштори як шаҳрванди Қирғизистон дар шаҳри Ӯш бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар додааст. Интизор меравад, ки дар ин мулоқот ба ҷуз аз марзбонони Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон раиси ноҳияи Ҷон Алай ва раиси пулиси ин ноҳия ширкат ҷӯянд.

9 август дар минтақаи марзии ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон дар наздикии рустои Тупакул байни марзбонони Тоҷикистон ва се марди мусаллаҳи номаълум, ки савори асп буданд, тирандозӣ сурат гирифтааст. Дар ин тирандозӣ як нафар шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд. Аз ин мардони савора шикорчиён ном бурда мешавад.

Ҷасади кушташуда ба мақомоти Қирғизистон супурда шудааст. Аммо ду нафари дигар дар боздошти пулиси ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG