Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии Русия дар Тоҷикистон идома дорад


11 август дар ҷануби Тоҷикистон машқҳои низомии баталиони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин бора Игор Шербаков-намояндаи хадамоти матбуотии Ҳавзаи низомии марказии Русия ба матбуот хабар додааст.

Ин машқҳо дар размоишгоҳи Сумбула дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа баргузор мешавад. Дар Сумбула полки 149-и пойгоҳи низомии Русия мустақар аст.

Машқҳо дар се марҳила баргузор ва дар ҷараёни он ба муҳосира даровардан ва набуд кардани душмани шартӣ дар шароити кӯҳистонӣ тамрин мешавад. Дар ин машқҳо 100 мошини зиреҳдор ва тақрибан 500 нафар низомиён ширкат мекунанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз қаламрави Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои низомии он дар шаҳрҳои Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгиранд.

XS
SM
MD
LG