Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши Афви Байналмиллал дар бораи ҳамла ба шаҳрвандон


Афви Байналмиллал ё Amnesty International гузоришеро дар бораи вазъи сокинони осоиштаи Афғонистон, ки наздиконашон дар ҳамлаҳои нируҳои Амрико ва нируҳои эътилоф кушта шудаанд ва наметавонанд додхоҳӣ кунанд, ба нашр расондааст.

Ин гузориш бо номи “Дар соя мондагон” аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ки дар матни қарордодҳо бо НАТО ва Амрико ин нукотро низ ворид кунанд, ки барои куштори шаҳрвандон бояд нируҳо ба муҷозот кашонда шаванд.

Дэвид Гриффитс-муовини раиси Афви Байналмиллал дар умури Осиёву Уқёнуси Ором гуфтааст, ки дар ин гузориш се хулосаи калидӣ оварда шудааст: шаҳрвандони Афғонистон барои додхоҳӣ ҷои муроҷеа надоранд, низоми додхоҳии нирҳои хориҷӣ барои чунин ҳамлаҳо масъулиятро пешбинӣ намекунад ва адами расидагӣ ба шикояти шаҳрвандони Афғонистон метавонад “пайомади хатарнок” дошта бошад.

Афви Байналмиллал мегӯяд, ки дар бораи куштори даҳҳо нафар дар чунин ҳамлаҳо ҳуҷҷатҳо вуҷуд дорад ва дар миёни кушташудагон занони ҳомила ва кӯдакон низ будаанд.

Дар гузориш омадааст, ки баъзе аз ин ҳамлаҳо ҷиноёти ҷангӣ дониста мешаванд.

XS
SM
MD
LG