Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои сеюми Тоҷикистон дар сабқати қаҳрамонии таэквон-до ITF


Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон ва собиқадорон дар Душанбе бо пирӯзии мунтахаби Кореяи Шимолӣ ба анҷом расид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ITF байни наврасон ва собиқадорон, ки аз 7-ум то 10-уми август дар Душанбе бо ширкати беш аз 600 варзишгар аз 52 кишвар баргузор шуд, мунтахаби Кореяи Шимолӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Варзишгарони Корея аз ҳама бештар – 18 медали тилло - ба даст оварданд.

Мунтахаби Русия бо вуҷуди он ки аз ҳама бештар – 40 медал – гирифт, бо назардошти шумораи медалҳои тилло дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо 10 медали тилло, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ севум шуд. Нахустин медали тиллоро ба Тоҷикистон Фурқат Урунов дар сабқати собиқадорон овард. Баъдан Маҳина Шодмонова байни духтарони 14-15-сола дар вазни то 40 кг, Фирӯз Набиев дар ин гурӯҳ дар вазни то 63 кг ва Сӯҳроб Зарифов дар вазни то 69 кг ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати наврасони 16-17-сола Баҳромҷон Гадоев дар вазни то 45 кг, Илҳом Одинаев дар вазни то 57 кг байни писарон ғолиб шуданд.Дар ин гурӯҳ миёни духтарон Ширин Набиева дар вазни то 52 кг соҳиби ду медали тилло гардид. Ба ҷуз ин, Рустам Зиёев ва мунтахаби Тоҷикистон (духтарон) дар техникаи махсус ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Умуман, намояндагони 25 кишвар соҳибони медалҳо шуданд ва аз он ҷумла варзишгарони 13 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ва собиқадорон дар риштаи таэквондо ITF, ки моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Таллинни Эстония бо ширкати беш аз 800 варзишгар аз 60 кишвар баргузор шуда буд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тоҷикистон баъди дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Русия мақоми севумро касб карда буд.

XS
SM
MD
LG