Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нокомии мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар Эрон


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 дар Эрон ноком шуд.

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014, ки аз 4-ум то 9-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон барпо гардид, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов дар гурӯҳи «В» 5-уми август аз тими Тайланд бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрда, 7-уми август бозиро бо мунтахаби Ироқ бо ҳисоби мусовии 1-1 анҷом доданд ва дар бозии севум 9-уми август аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0-2 мағлуб шуданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар гурӯҳи «В» дар ҷойи охирин қарор гирифт. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Ироқ (7 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ (6 имтиёз) ба нимфинал баромаданд. Аз гурӯҳи «А» футболбозони навраси Кореяи Шимолӣ (7 имтиёз) ва Эрон (6 имтиёз) ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз, 11-уми август, дар даври ниманиҳоӣ Кореяи Шимолӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ироқ бо Эрон рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Тоҷикистон – Тайланд – 1:2

Голҳо: Порнчай Вироҷа, 9 (0:1). Ваҳдат Ханонов, 26 (1:1). Тханават Ауетханапай, 60+2 (1:2).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Оятулло Сафаров, Шаҳром Абдуллоев, Ҳувайдо Малиев, Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов (Юсуфҷон Ёқубов, 59), Тоҳир Малодӯстов (Аслиддин Муҳаммадиев, 33), Умарҷон Шарифов, Ҷаҳонгир Раҳматзода (Сорбон Афғонов, 58), Аслам Камолов.


Ироқ –Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Даври 2-юм

Ироқ – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Умарҷон Шарифов, 27 (0:1). Муҳаммад Ридха Ҷалил Мезхер, 30 (1:1).

Тоҷикистон: Далер Азизов, Оятулло Сафаров, Аслиддин Муҳаммадиев (Аслам Камолов, 60+1), Ҳувайдо Малиев (Сорбон Афғонов, 60), Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов, Рустам Саидов (Юсуфҷон Ёқубов, 31), Умарҷон Шарифов, Ҷаҳонгир Раҳматзода (Дурахшон Рӯзибоев, 55), Султоншоҳ Мирзоев.

Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ – 0:8

Даври 3-юм

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 2:0

Голҳо: Ким Чан, 35 (1:0). Ю Хосунг, 56 (2:0).

Тоҷикистон: Далер Азизов (Меҳвар Сулаймонов, 57), Султоншоҳ Мирзоев, Оятулло Сафаров, Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Аслиддин Муҳаммадиев (Дурахшон Рӯзибоев, 55), Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов (Насим Шарифов, 54), Рустам Саидов, Умарҷон Шарифов (Тоҳир Малодӯстов, 50), Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аслам Камолов (Сорбон Афғонов, 36).

Тайланд – Ироқ – 0:5

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ироқ

3

2

1

0

7-1

7

2

Кореяи Ҷанубӣ

3

2

0

1

10-1

6

3

Тайланд

3

1

0

2

2-14

3

4

Тоҷикистон

3

1

0

2

2-5

1

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Кореяи Шимолӣ –Арабистони Саудӣ – 2:0

Эрон –Тимори Шарқӣ – 4:1

Даври 2-юм

Тимори Шарқӣ –Арабистони Саудӣ – 2:1

Кореяи Шимолӣ – Эрон – 1:0

Даври 3-юм

Эрон – Арабистони Саудӣ - 1:0

Кореяи Шимолӣ – Тимори Шарқӣ - 2:2

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Кореяи Шимолӣ

3

2

1

0

5-2

7

2

Эрон

3

2

0

1

5-2

6

3

Тимори Шарқӣ

3

1

1

1

5-7

4

4

Арабистони Саудӣ

3

0

0

3

1-5

0

Нимфинал

11 август (душанбе)

15.30 – Кореяи Шимолӣ – Кореяи Ҷанубӣ

18.30 – Ироқ – Эрон

Финал

13 август (чоршанбе)

18.30 – Ғолиби Кореяи Шимолӣ/ Кореяи Ҷанубӣ – Ғолиби Ироқ/Эрон

Эзоҳ: замони оғози бозӣ – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG