Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомишиносони дунё ба Душанбе меоянд


Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 600-умин солгарди зодрӯзи шоир ва андешаманди бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар авоили моҳи октябр дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Дар ин нишасти илмии ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони "Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ" доир хоҳад шуд, донишмандони ҷомишинос аз саросари дунё даъват шудаанд. Ба иттилои Кумитаи тадорукоти ҷашни бузургдошти Ҷомӣ, ин нишаст ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта ва доир ба паҳлӯҳои мухталифи эҷодиёти ин бузургмарди андеша суҳбату баҳсҳо сурат хоҳад гирифт. Ба қарори ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 соли бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG