Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Машқи низомии нерӯҳои захиравӣ дар Бадахшон


Вазорати дифои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи барномаи ягонагии омодагии ҷангӣ дар Бадахшон, машқи низомии афсарону сарбозони захирави нерӯҳои мусаллаҳро баргузор кунад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон имрӯз 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ, машқи низомӣ ё худ ҷамъомади афсарону сарбозони захираи вазорати дифоъро баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, ки қаблан марҳилаи аввали он дар баҳор гузаронида шуда буд ва акнун марҳилаи зимистонаи омодагии ҷангии афсароне, ки дар қайди вазорати дифоъ ҳастанд, дар моҳи октябр баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, афсарону сарбозони захиравӣ аслан мардуми осоиштае ҳастанд, ки хизмати аскарӣ кардаанд ва ё дар қисмҳои низомӣ адои вазифа намуда, бознишаста шудаанд. Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки азбакси навоҳии вилояти Бадахшон, аксаран минтақаи сарҳадӣ мебошанд, бояд мардуми он аз лиҳози омодагии ҷангӣ мусаллат бошанд. Дар ҷамъомади моҳи октябр афсарони захиравии вазорати дифоъ дар Бадахшон аз силоҳҳои мухталиф тирпарронӣ мекунанд ва машқҳои гуногуни низоми анҷом медиҳанд. Ҷаноби Маҳмадлиев мегӯяд, ҳафтаи гузашта ҳамчунин машқҳои низомии афсарону сарбозони захираи вазорати дифоъ дар ноҳияи Ҳисору Турсунзода ва Рӯдакӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 2700 нафар ширкат кардааст. Марҳилаи тобистонаву зимистонаи баргузории машқҳои низомии афсарону сарбозонги вазорати дифоъ моҳи июн оғоз шуда, то январи соли равон идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG