Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фабиус: Фаронса дар амалиёти низомӣ дар Ироқ ширкат намекунад


Фаронса нияти ширкат дар амалиёти низомии Амрико алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқро надорад. Дар ин бора Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, рӯзи якшанбе дар ҷараёни сафараш ба Ироқ хабар дод. Ӯ гуфт, ки айни ҳол Фаронса фақат ба мардуми азиятдидаи шимоли Ироқ кӯмаки инсондӯстона ироа хоҳад кард.

Лоран Фабиус рӯзи 10 август дар Бағдод бо ҳамтои ироқияш Ҳушёр Зебарӣ мулоқот кард.

Дар ҳамин ҳол раҳбари минтақаи мухтори Курдистон Масъуд Барзанӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки ба курдҳо дар мубориза бр гурӯҳи “Давлати исломӣ” кӯмаки низомӣ расонад.

Низомиёни амрикоӣ рӯзи якшанбе хабар доданд, ки ба мавқеъҳои мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Ироқ боз чаҳор бор зарба заданд. Бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин дар канори шаҳри Санҷор, ба гуфтаи онҳо, ду зиреҳпӯш ва мошини боркаше нобуд карда шуданд, ки аз онҳо ситезаҷӯён сӯи изадиҳо, пайравони аққалияти мазҳабӣ, оташ кушоданд.

Вазорати дифои Амрико рӯзи якшанбе хабар дод, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ бори дигар ба манотиқи кӯҳии атрофи Санҷор барои паноҳандагон 16 ҳазор пакет бо таоми сарбозӣ ва 14 ҳазор литр оби пок партоб карданд. Ахиран Бритониё ҳам ба амалиёти ёрии инсондӯстона ба мардуми шимоли Ироқ пайваст ду ҳавопаймои боркаш барои ироаи кӯмакҳо дар минтақаи Санҷор сафарбар шудааст.

XS
SM
MD
LG