Пайвандҳои дастрасӣ

Киев пешниҳоди оташбаси ҷудоихоҳонро рад кард


Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки дар задухӯрд бо ҷудоихоҳони рустабор дар шаҳри Илловайск рӯзи 10 август дасти кам ду сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.

Хабаргузории Associated Press аз қавли сухангӯи шӯрои шаҳри Донетск Максим Ровинский навиштааст, ки бар асари оташи тӯпхона як нафар кушта ва даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Чанд бинои хусусӣ валангор шуда, бемористони шаҳр осеби ҷиддӣ дидааст. Аз шаҳри Красний Луч, ки миёни Донетск ва Луҳанск ҷойгир шудааст, низ дар бораи истифода аз тӯпхона дар задухӯрдҳо хабар мерасад.

Даргириҳо дар шарқи Украина дар ҳоле идома доранд, ки рӯзи шанбе ҷудоихоҳон омодагияш ба оташбас ба хотири ҷилавгирӣ аз фоҷиаи башариро эълом доштанд. Нахуствазири нави Ҷумҳурии мардумии Донетск Александр Захарченко баъд аз изҳори омодагӣ барои оташбас хабарҳо дар бораи дар Донетск ва Горловка ба муҳосира афтодани ҷудоихоҳонро тасдиқ намуд. Аммо Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина, рӯзи 10 август хабар дод, ки Киев пешниҳоди оташбасро рад карда ва аз ҷудоихоҳон талаб намудааст, ки билофосила ва бидуни шарт силоҳ ба замин гузоранд.

XS
SM
MD
LG