Пайвандҳои дастрасӣ

Фабиус дар Ироқ мубориза бо "Давлати исломӣ"-ро матраҳ мекунад


Лоран Фабиус

Лоран Фабиус

Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, ба хотири музокира оид ба мушкили муқовимат бо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” вориди шаҳри Бағдод шуд. Вазорати умури хориҷии Фаронса иттилоъ дод, ки Фабиус дар Бағдод бо ҳамтои ироқияш Ҳушёр Зебарӣ мулоқот мекунад ва сипас дар шаҳри Арбил бо раҳбари минтақаи мухтори Курдистон Масъуд Барзанӣ музокирот анҷом медиҳад. Қарор аст, дар ин гуфтушунид мавзӯи кӯмаки башарӣ ба онҳое, ки аз манотиқи ишғолкардаи “Давлати исломӣ” фирор кардаанд, баррасӣ шавад.

Лоран Фабиус ҳамчунин бо раҳбари ҷамоаи насрониҳои Ироқ ва садри ҷамоаи изадиҳо, ки мавриди хушунати исломгароҳо қарор доштанд, мулоқот хоҳад кард.

“Гурӯҳи исломӣ” бахши аъзами шимоли Ироқро ишғол кардааст ва чанд рӯз пеш чанд шаҳри асосан курднишин, аз ҷумла, шаҳри бузурги Санҷорро таҳти назорат қарор дод. Баъд аз ин ИМА тасмим гирифт, ки барои набард бо ин гурӯҳ ҳавопаймоҳои ҷангиро сафарбар кунад.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 9 август гуфт, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ бори дигар ба мавқеъҳои “Давлати Исломӣ” зарба заданд ва Вошингтон пуштибонӣ аз ҳазорон ироқиҳоеро, ки аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар кӯҳҳо панаҳ бурдаанд, идома медиҳад. Вазорати дифои Амрико хабар дод, ки рӯзи шанбе ҳавопаймоҳои боркаши амрикоӣ ба мавзеъҳои панаҳбурдаи фирориёни ироқӣ 28 ҳазор пакет бо таоми сарбозӣ ва тақрибан 5-у ним тонна оби пок партофтанд.

XS
SM
MD
LG