Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ идома дорад


Дар Туркия раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ идома дорад. Бори аввал раисиҷумҳур на дар ҷаласаи парлумон, балки аз тариқи раъйдиҳии мустақими мардум интихоб мешавад. Дар сартосари Туркия беш аз 165 ҳазор қитъаи интихоботӣ таъсис шудааст, ки дари онҳо то соати 6-и шом боз хоҳад буд. Дар кишвар тақрибан 53 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро доранд. Ҳудуди 3 миллион нафари дигар берун аз Туркия ба сар мебаранд ва бештари онҳо то рӯзи 2 август раъйи худро ба номзади дилхоҳашон доданд.

Барои мақоми олӣ дар Туркия се номзад – нахуствазир ва раиси ҳизби ҳукмрони "Адолат ва тараққиёт" Раҷаб Тайиб Эрдуғон, номзади ягонаи мухолифин ва раиси пешини Созмони конфаронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу ва ҳамраиси ҳизби курдҳо – Ҳизби демократияи халқҳо Салоҳиддин Демиртош мубориза мебаранд.

Марказҳои назарпурсӣ ва сиёсатмадорони турк пешгӯӣ кардаанд, ки дар ин маърака Эрдуғон пирӯз хоҳад шуд. Сиёсатмадор гуфтааст, ки баъди пирӯзӣ барои афзоиши ваколатҳои раисиҷумҳур иқдом хоҳад кард.

Мӯҳлати раёсати президенти феълии Туркия Абдулло Гул рӯзи 28 август анҷом меёбад.

Агар нафаре аз номзадҳо дар даври аввал пирӯз нашавад, рӯзи 24 август даври дуввуми интихобот бо ширкати ду номзади раъйҳои бештарро соҳибшуда баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG