Пайвандҳои дастрасӣ

Осияи 5-сола, ҳамсояи Малика ва Сабина гум шудааст


Осия рӯзи 8-уми август аз назди хонаашон нопадид шудааст.

Осия рӯзи 8-уми август аз назди хонаашон нопадид шудааст.

Осияи 5-сола рӯзи 8-уми август аз назди хонаашон гум шудааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айни замон ба ҷустуҷӯи ин тифл идома медиҳанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи духтараки 5-солае шурӯъ кардаанд, ки ду рӯз пеш аз назди хонаашон дар Душанбе нопадид шудааст. Назира Диловарова, модари Осия рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки духтараш рӯзи 8-уми август, аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1 нопадид шудааст ва аз ӯ то ҳол дараке нест.

Модари Осия ба сахтӣ сӯҳбат мекард ва гуфт, ки то ҳол хабаре аз ҳоли духтараш надорад ва дар ин асно, як нафар ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кард, телефонро аз дасти Назира Диловарова гирифт ва гуфт, ки дар бораи нопадид шудани Осия волидайни ӯро бозпурсӣ мекунанд ва дертар дар бораи нопадид шудани тифли 5-сола маълумот хоҳанд дод.

Бар тибқи эълоне, ки дар бораи нопадид шудани Осия нашр кардаанд, ӯ 25-уми апрели соли 2009 таваллуд шудааст ва соатҳои 12-13 аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе гум шудааст. Осия ҳам аз назди биное ғайб задааст, ки Малика ва Сабинаи 5-сола ҳам 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.

Сабоҳат Улфатшоева, яке аз сокинони ин бино рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Малика ва Сабинаи 5-сола дар манзили аввал ва Осия дар ошёнаи 8 – уми ин бино, ки ба Роҳи оҳани Тоҷикистон тааллуқ дорад, зиндагӣ мекарданд. Вай афзуд, атрофи ин бино панҷара гирифта шудааст, аммо Осия як сомонӣ гирифта, барои харидани оби газдор ба назди «Тоҷиккристал» меравад, аммо ба ӯ об намедиҳанд ва аз он ҷо ба фурӯшгоҳи «Садбарг» меравад, ки «Кока кола» харад, инро ҳам намедиҳанд. Ба қавли ӯ, дар камераҳои назоратии атрофи зерзаминии «Садбарг» ин навор сабт шудааст, ки як духтари сатрпӯш аз дасташ Осияро гирифта равон аст ва азбаски сифати навор паст будааст он духтарро ҳам шиносоӣ накардаанд.

Аммо тағои Осия, Парвиз Диловаров, шоми 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони пулис наворҳои камераҳои назоратиро таҳқиқ доранд, вале то кунун ӯро дар ҳеҷ яке аз камераҳо надидаанд.

Осия аз назди биное нопадид шудааст, ки Малика Аралова ва Сабина Аралова 5-сола ҳам 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест. Нигина Аралова, модари Сабина, ки баъд аз гум шудани фарзандашон, аз ин маҳал ба дигар ҷой кӯчидаанд, рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Осия ҳам мисли духтари онҳо бенишон шудааст, касе ӯро надидааст, ки куҷо рафт ва чӣ гуна дар муддати кӯтоҳе аз пеши хона ғайб зад. Ӯ дар бораи таҳқиқи парвандаи нопадид шудани Малика ва Сабина гуфт, ки мақомоти интизомӣ чанде пеш ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандонашон бояд дар Тоҷикистон бошанд, вале иттиллои аз ин бештар надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG