Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тибет автобус бо сайёҳон ба ҷарӣ сарозер шуд


Дар Тибет як автобус бо сайёҳон ба ҷарии даҳметра сарозер шуд. Ба навиштаи расонаҳои давлатии Чин, дар ин ҳодиса, ки рӯзи шанбе дар сад километрии шаҳри Лҳаса, маркази Тибет, рӯй дод, 44 нафар ба ҳалокат расида, 11 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Амалиёти наҷотбахшӣ рӯзи якшанбе ҳам идома дошт. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки автобус баъди бархӯрдан бо ду мошин ба ҷарӣ афтидааст. Рӯзи 10 август полис масъулони ширкати сайёҳӣ ва ширкати нақлиётиро боздошт кард.

Солҳои ахир дар Чин теъдоди ҳоҳишмандони сафар ба Тибет афзоиш меёбад. Онҳо маҷбуранд аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ба Тибет раванд, ки мавсими боронҳои тобистона басо хатарнок мешаванд.

XS
SM
MD
LG