Пайвандҳои дастрасӣ

Байден: Амнияти корвонҳои башариро украиниҳо бар дӯш бигиранд


Ҷо Байден

Ҷо Байден

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи якшанбе, 10 август, ба Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико, пешниҳод намуд, ки Вошинтон ба талошҳои байнулмилалии ироаи ёрии башардӯстона ба шарқи Украина ҳамроҳ шавад.

Дар сӯҳбати телефонӣ сиёсатмадорон ба тавофуқ расиданд, ки ироаи кӯмаки башарии байнулмилалӣ бояд зери сарпарастии Салиби Сурх сурат бигирад ва таъмини амнияти корвонҳо на бар дӯши низомиёни хориҷӣ, балки бар ӯҳдаи марзбонҳои украинӣ вогузор шавад.

Порошенко ва Байден дар ташреҳи пешниҳоди Русия барои ироаи кӯмаки башарӣ ба Украина изҳор намуданд, ки “агар Русия хостори беҳсозии вазъи башарӣ дар Украина аст, бояд тирандозӣ сӯи низомиёни украиниро қатъ кунад, афсарону сарбозони гаравгонро раҳо намояд ва аз ироаи силоҳ ба ҷудоихоҳони рустабор даст бардорад”.

Аз ин пеш раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ҳам дар як тамоси телефонӣ изҳор намуданд, ки ҳама гуна дахолати Русия ба умури Украина, ҳатто бо ҳадафи фиристодани кӯмаки башарӣ, бидуни ризояти расмии Киев нақзи қавонини байнулмилалӣ маҳсуб мешавад ва метавонад мунҷар ба таҳримҳои нав алайҳи Маскав шавад.

Рӯзи шанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ аз ӯ хост, ки аз ибтикори Маскав барои ироаи кӯмаки башарӣ ба манотиқи ҷанубу шарқи Украина пуштибонӣ кунад. Ӯ изҳор намуд, ки фақат бо андешидани чораҳои оҷил метавон аз фоҷиаи башарӣ дар ин минтақаи Украина ҷилавгирӣ кард.

XS
SM
MD
LG