Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 10 август сокинони Туркия бори аввал раисиҷумҳури худро аз тариқи раъйдиҳӣ интихоб мекунанд.

Дар Туркия рӯзи шанбе ҳама гуна таблиғоту ташвиқот дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ манъ шуда буд. “Рӯзи сукут” то соати 8-и субҳи рӯзи якшанбе, яъне то боз шудани қитъаҳои интихоботӣ идома хоҳад кард.

Интихоботи президентӣ барои Туркия воқеъан таърихист, зеро бори аввал раисиҷумҳур на дар ҷаласаи парлумон, балки аз тариқи раъйдиҳии мустақими мардум ва барои 7 сол интихоб мешавад.

Дар Туркия беш аз 52 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро доранд. Тақрибан 3 миллион шаҳрванди кишвар берун аз Туркия ба сар мебаранд ва бештари онҳо то рӯзи 2 август раъйи худро ба номзади дилхоҳашон доданд. Ин номзадҳо се нафаранд – нахуствазир ва раиси ҳизби ҳукмрони "Адолат ва тараққиёт" Раҷаб Тайиб Эрдуғон, номзади ягонаи мухолифин ва раиси пешини Созмони конфаронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу ва ҳамраиси ҳизби курдҳо – Ҳизби демократияи халқҳо Салоҳиддин Демиртош.

Марказҳои назарпурсӣ ва сиёсатмадорони турк пешгӯӣ кардаанд, ки нахуствазир Эрдуғон дар даври аввал ё ҳадди аққал дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз хоҳад шуд.

Аббос Ҷаводӣ, пажуҳишгари масоили сиёсӣ ва корманди Радиои Озодӣ, дар як мусоҳиба аз шаҳри Анқара, гуфт, ки дар пойтахти Туркия бо 50-60 нафар аз табақаҳои гуноугни мардум сӯҳбат кардааст ва “аз одамони оддӣ сар карда то афроди соҳибмаълумот, аз ҷумла, пизишку муҳандису афроди таҳсилкарда дар Амрико ба ин назаранд, ки Эрдуғон барои ҳафт

Аббос Ҷаводӣ

Аббос Ҷаводӣ

соли оянда раисиҷумҳури Туркия интихоб хоҳад шуд, ҳарчанд ӯ 12 сол нахуствазири Туркия буд ва рақибони сиёсияш ӯро дар фасод айбдор карда буданд”. Ӯ меафзояд, “баъзе аз ҳарфҳое, ки ба ман гуфтанд, воқеъан ҷолиб аст. Як баққоли сари кӯча гуфт, ки интихобот мисли бозии футболи “Барселона” бо як дастаи хурди футболи Туркия аст, ки аз аввал маълум аст, ки онҳо чӣ қадар хоҳанд ҳамон қадар гол мезананд. Чаро? Ба хотири он ки дар ин 12 сол Раҷаб Тайид Эрдуғон ва ҳизбаш корҳои зиёдеро анҷом доданд, ислоҳотеро роҳандозӣ карданд. Ҳарчанд нахуствазир ва Ҳизби адолату тараққиёт дар он айбдор шуданд, ки ҷойҳои хуб ва пули хубро ба одамони худӣ доданд, мухолифинро сарфи назар мекарданд, хонаводаи Эрдуғон, худи нахуствазир ва атрофиёнаш шадидан муттаҳам ба фасод шудаанд, аммо зоҳиран ҳеҷ кас инҳоро ба инобат намегирад”.

-Аммо пешгӯиҳо аз пирӯзии Эрдуғон шояд ба он хотир ҳам бошад, ки ҳарду рақибаш дар интихобот афроди матраҳшуда нестанд ва онҳоро теъдоди хело кам мардум мешиносанд?

-Бале, рақибе, ки мухолифин дар муқобили Эрдуғон пешбарӣ кардааст, як рақиби қариб “беном” аст, ӯро касе намешиносад, ҳатто раиси ҳизбе, ки Акмалиддин Эҳсоноғлуро номзади худ хондааст, дар сӯҳбати телевизионӣ исми ӯро дақиқ ва хуб ҳам талаффуз намекард. Мардум ин чеҳраро тақрибан намешиносад, яъне коре накардааст, ки мардум ба ӯ дар муқобили Эрдуғон, ки 12 сол сари қудрат аст, раъй диҳанд. Такрор мекунам, ки зоҳиран иттиҳоми даст доштани нахуствазир дар фасод барои мардум муҳим нест, зеро зиндагии худашон ором мегузараду розӣ ҳастанд. Он ки дар Анқара дидам, то ҳадде дар Измир, дар ҷануби Туркия ҳам дидам. Ва аз ин рӯ тахмини худи ман ҳам мисли тахмимни муассисаҳои санҷиши афкори умум аст, ки оғои Эрдуғон дасти кам 40 дар сади раъйҳоро мегирад, ҳарчанд имкон дорад, ки дар давраи аввал аз 50 дар сад ҳам бештар овозҳоро соҳиб шавад. Агар Эрдуғон пирӯз шавад, ҳафт соли дигар дар садри Туркия хоҳад монд ва баъд аз он ҳа метавонад боз ҳафт соли дигар раисиҷумҳури Туркия бимонад...

-Оғои Ҷаводӣ, аз нигоҳи шумо, имкони аз сӯи Эрдуғон, албатта, баъд аз пирӯзӣ дар интихобот, аз кишвари парлумонӣ ба кишвари президентӣ табдил кардани Туркия то куҷо воқеъӣ аст?

-Бале, Эрдуғон чунин тасмим дорад ва инро пинҳон ҳам намекунад. Ба назар мерасад, ки дар Туркия ҳам касе ба ин мухолиф нест. Оғои Эрдуғон ба ин назар аст, ки парлумон бояд қавӣ бошад ва раисиҷумҳурро назорат кунад, на ин ки бозичаи дасти президент бошад. Айнан мисли Амрико. Аз нигоҳи ӯ, дар кишвар бояд президенти қудратманд бошад, на сарвазире, ки пойбанди се-чаҳорто ҳизби парлумонӣ аст. Агар як ҳизб, бигирем, асабонӣ шавад ва овоз надиҳад, кор пеш намеравад. Эрдуғон инро намехоҳад... Дуруст аст, ки дар Туркия низоми президентӣ ҷорӣ хоҳад шуд ва ин барномаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва ҳизби ҳокими ӯст.

-Дар Аврупо ба мавзӯи интихоботи президентии Туркия бо диққат наззора мекунанд. Пирӯзии Эрдуғон дар интихобот ба бӯҳрони вуруди Туркия ба Иттиҳодияи Аврупо таъсире хоҳад гузошт?

-Бубинед, ҳама ислоҳоте, ки Иттиҳодияи Аврупо талаб дорад, замони қудрати Эрдуғон амалӣ шуданд. Аммо “ишқ” бояд дуҷониба бошад, то натиҷа диҳад. Ба назарам дар ин даҳ-бист соли ахир муносибати Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия сардтар шуд. Иттиҳодияи Аврупо, бо вуҷуди изҳороту эъломияҳо, узвияти Туркияро намехоҳад ва туркҳо ҳам, вақте ин ҷо бо одамон сӯҳбат мекунед, чандон ошиқи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо нестанд. Шароити Туркия ин гуна нест, ки агар дарҳои Иттиҳодияи Аврупоро боз кунанд, ҳама якбора ба он ҷо барои кор раванд. Дар Туркия кор ҳаст ва имкони зиндагии хубу сармоя ҷамъ овардан ҳам. Аммо агар Иттиҳодияи Аврупо майл ба Туркия дошта бошад, бояд бо Туркияи Эрдуғон ҳамкорӣ кунад, зеро мухолифини Эрдуғон назар ба худи ӯ хело бештар зидди Ғарб ҳастанд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG