Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Низомиёни ИМА амалиёт дар шимоли Ироқро идома медиҳанд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе, 9 август гуфт, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ бори дигар ба мавқеъҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Ироқ зарба заданд ва пуштибонӣ аз ҳазорон ироқиҳоеро, ки аз ситезаҷӯёни ин гурӯҳ дар кӯҳҳо панаҳ бурдаанд, идома медиҳанд.

Ӯ афзуд, ки то кай идома ёфтани амалиёт маълум нест. Ба гуфтаи Обама, ин мушкилро дар чанд ҳафта ҳал наметавон кард ва он замони бештарро талаб дорад.

Аз ин пеш сарвари Амрико дар паёми ҳафтаинаи худ рӯзи 9 август такрор намуд, ки сарбозони амрикоӣ барои ширкат дар ҷангҳо ба Ироқ барнамегарданд, аммо Амрико ба Бағдод дар ҳолати зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳузури доимии ситезаҷӯён мадад мерасад.

Вазорати дифои ИМА хабар дод, ки рӯзи шанбе ҳавопаймоҳои боркаши амрикоӣ ба мавзеъҳои панаҳбурдаи фирориёни ироқӣ 28 ҳазор пакет бо таоми сарбозӣ ва тақрибан 5-у ним тонна оби пок партофтанд. Аз ин пеш ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар наздикиҳои шаҳри Арбил корвони иборат аз ҳафт мошини ситезаҷӯёро нобуд карданд.

Барак Обама рӯзи 7 август зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ба хотири дифоъ аз низомиёну дипломатҳои амрикоӣ ва ҷилавгирӣ аз наслкӯшии аққалиятҳои миллӣ дар шимоли Ироқ пазируфт.

XS
SM
MD
LG