Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 9-уми август, дар шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи варзишгар ҷамъомади ботантана баргузор шуд.

Дар ҷамъомади ботантанае, ки рӯзи шанбе бахшида иди касбии кормандони соҳаи варзиш дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов барпо гардид, беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа, раҳбарони федератсияҳои миллӣ, собиқадорону хабарнигорони варзишӣ ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиш нахуст Аҳтам Рустам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ширкаткунандагони ҷамъомадро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, афзуд, «дар даврони соҳибистиқлол гаштани Тоикистон варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии халқи тоҷик мебошад. Дар ин давра варзишгарон тавонистанд бо сазовор гардидани 2328 медал, аз ҷумла 567 тилло, 512 нуқра ва 863 биринҷӣ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.”

Сипас ҷаноби Абдуллозода ба беҳтарин варзишгарони кишвар, инчунин, собиқадорони варзиш мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Баъдан Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки аъзои дастаи мунтахаби кишвар аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ширкат мекунанд. Баъдан ҳайати бузурги варзишии кишвар бо шумули беш аз 100 нафар оид ба 18 намуди варзиш дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.

Дар ин ҳамоиш ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов(вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр оид ба 7 риштаи варзиш, ки шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳимоя мекунанд, бо мураббиёни худ ширкат доштанд.

Баҳрулло Раҷабалиев ба ҳар яки онҳо кортҳои аккредитатсионии Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасонро супурд.

Сипас Аҳтам Рустам Абдуллозода Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон Фирӯз Ёқубов супурд, ки ӯ дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин парчамбардори Тоҷикистон мешавад.

Аз номи собиқадорони варзиш Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Монреал-1976 оид ба камонварӣ, ба варзишгарони ҷавони тоҷик дуои нек карда, ба онҳо роҳи сафед ва муваффақият орзу намуд.

Аз номи варзишгарон Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс, сухан гуфт ва иброз дошт, ки мекӯшанд дар арсаи ҷаҳон парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд. Дарвоқеъ, дар ин ҳамоиш Мавзуна Чориева якдилона парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII осиёӣ интихоб шуд.

Дар охир Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, зимни суханрониаш таъкид намуд, ки ин донишкада макони варзишгарон аст ва маҳз дар ин ҷо қаҳрамонҳои олимпиву ҷаҳон ва қитъавию байналмилалӣ ба камол расидаанд.

Ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи варзишгар дар Душанбе бо ҳунарнамоии санъаткорон бо сарварии овозхони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Беков ба охир расид.

Ба иттилои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳат - шанбе ва якшанбе - дар саросари кишвар бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи варзиш мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG