Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдбуди қурбониёни таркиши бомби ҳастаӣ дар Нагасакии Ҷопон


Дар шаҳри Нагасакии Ҷопон маросими ёдбуди қурбониёни таркиши бомби ҳастаӣ дар соли 1945 баргузор шуд.

Маросим рӯзи 9 август, соати 11-у 02 дақиқа ба вақти маҳаллӣ, бо як дақиқаи сукут дар сартосари кишвар оғоз ёфт ва баъд аз он мири шаҳр Томихиса Тауэ дар як суханронӣ даъват кард, ки шимолу шарқи Осиё минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ эълон шавад. Ӯ аз тасмими ахири ҳукумат барои тағйири Қонуни асосӣ ва густариши фаъолияти артиш берун аз хоки Ҷопон интиқод кард. Ҳукумати Ҷопон пешниҳод кардааст, ки нерӯҳои низомии кишвар барои кӯмак ба ҳампаймонҳо, аз ҷумла, ба ИМА истифода шавад. Аз ин пеш артиши Ҷопон фақат ба хотири дифоъ аз қаламрави кишвар истифода мешуд.

Моҳи августи соли 1945 ИМА ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон бомбҳои атомиро партоб кард. Аз ин ҳамла ҳамон рӯзи 9 август беш аз 70 ҳазор сокини шаҳри Нагасакӣ кушта шуданд, солҳои баъдӣ зиёда аз 80 ҳазор нафари дигар аз асароти бомби ҳастаӣ ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG