Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ва Фуад Маъсум амалиёти ИМА дар Ироқро баррасӣ карданд


Нерӯҳои курдӣ ба мудофиаи Арбил омодаанд
Нерӯҳои курдӣ ба мудофиаи Арбил омодаанд

Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури ИМА ва Фуад Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ, рӯзи шанбе амалиёти Амрико дар шимоли Ироқ ва раванди таъсиси ҳукумати нави Бағдодро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Кохи Сафед, дар ин сӯҳбати телефонӣ Байден омодагии ИМА барои дифоъ аз мардуми бегуноҳеро, ки дар кӯҳҳои канори шаҳри Санҷор панаҳ бурдаанд, ва идомаи пуштибонии муборизаи Бағдод бо гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ)-ро таъид намуд. Муовини раисиҷумҳури Амрико таъсиси ҳукумати нави Ироқ ва муттаҳидшавии ҳама нерӯҳои миллӣ алайҳи ДИИШ-ро муҳим хонд.

Амалиёти низомии Амрико дар шимоли Ироқ аллакай боиси интиқоди ҷумҳурихоҳон шуд. Сенатор Ҷон Маккейн дар сӯҳбат бо нашрияи The Daily Beast зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоиро “ҳамла бо сӯзан” номид ва гуфт, ки онҳо ҳатто аз “беамалӣ” бадтаранд.

Ба иттилои Пентагон, шоми ҷумъа ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба мақеъҳои ДИИШ дар наздикиҳои шаҳри Арбил ҳамла карда, гурӯҳе аз ситезаҷӯён дар корвони иборат аз ҳафт мошинро нобуд карданд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Амрико контр-адмирал Ҷон Кирбӣ, ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз бомбҳо истифода бурданд, ки тавассути дастгоҳи лазерӣ ба ҳадаф партоб мешаванд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи 7 август зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ДИИШ-ро ба хотири дифоъ аз низомиёну дипломатҳои амрикоӣ ва ҷилавгирӣ аз наслкӯшӣ дар шимоли Ироқ пазируфт.

XS
SM
MD
LG