Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба тавофуқ расиданд


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ ва Ҷон Керрӣ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ ва Ҷон Керрӣ

Номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба тавофуқ расидаанд, ки баъд аз мубоҳисоти интихоботӣ ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашарф Ғанӣ дар ин бора эъломияи муштаракеро ба имзо расондаанд ва таъйид кардаанд, ки онҳо баъд аз хатми шумориши орои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ташкили чунин ҳукумати мушорикати миллӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Абдуллоҳ гуфт, ки ин тавофуқот “қадами дигаре ба пеш дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва умеде барои ояндаи беҳтари мардуми Афғонистон кишвар аст”.

Ғанӣ гуфт, “Мо барои иҷрои тааҳҳудоти миллӣ ва ҳар як афғон бо якдигар кор мекунем”.

Тааҳҳудоти ҳар ду ҷониб дар ҳоле ба даст омадааст, ки Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи дуввум дар Кобул музокира анҷом медиҳад ва талош дорад, ки ҳар ду номзад баҳсҳои худро ҳал кунанд.

XS
SM
MD
LG