Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Малайзияро 4:1 шикаст дод (2 ВИДЕО)


Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Малайзияро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Малайзия шомгоҳи ҷумъа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Пеш аз оғози ин бозии дӯстона ба хотираи қурбониёни садамаи ҳавопаймои Малайзия 17-уми июл дар Украина як дақиқа хомӯшӣ эълон шуд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо либоси рангаш сафед ва мунтахаби миллии Малайзия бо либоси рангаш зарду сиёҳ ба майдон омаданд.

Бозии дӯстона миёни ин ду тим бо бартарии комили футболбозони тоҷик давом кард. Тӯбҳоро ба дарвозаи меҳмонон Давронҷон Эргашев дар (дақиқаи 16), Дилшод Восиев (38) Фатҳулло Фатҳуллоев (52) ва Нуриддин Давронов (дақиқаи 53) заданд. Ягона тӯби меҳмононро ба дарвозаи соҳибони майдон Муҳаммад Амрӣ дар дақиқаи 43-юм аз ҷаримаи ёздаҳметара ворид кард.

Бозии Тоҷикистону Малайзия чӣ хел гузашт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
Линки мустақим

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор мерафт. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд. Малайзия кишварест дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Пойтахташ – Куала – Лумпур. . Дарвоқеъ, дар ин шаҳр дафтарии кории АФК – Конфедератсияи футболи Осиё қарор дорад. Малайзия беш аз 30 миллион аҳолӣ дорад.

Нишасти хабарӣ баъд аз бозии Тоҷикистон ва Малайзия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

XS
SM
MD
LG