Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки фаровардаҳои кишоварзии худро ба Русия содир кунад.

Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирғизистон ба вазорати кишварзии ин кишвар дастур додааст, ки имкони содироти меваву сабзиҷот ба Русияро баррасӣ намояд. Вай гуфтааст, ки бозори бузурге барои фурӯши ин фаровардаҳои Қирғизистон боз мешавад ва бояд маҳсулоти беҳтареро барои содирот омода кард.

Вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки маҳсулоти беҳтарин ба Русия содир мешавад ва маҳсулоти камсифат бо нархҳои баланд дар бозорҳо ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Дар як мусоҳибаи телефонӣ аз Жамин Акималиев-муовини пешини вазири кишоварзии Қирғизистон пурсидам сабаб чист, ки ҳукумати ин кишвар дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзии худ ба Русия саросема тасмим гирифтааст?

Акималиев: Содироти фаровардаҳои мо дар сурате пурра имконпазир мегардад, ки агар мо ба Иттиҳодияи Гумрукӣ дароем. Вале мо ҳоло узви ин иттиҳодия нестем ва ба сабаби ҷорӣ кардани таҳримҳои Путин акнун имкон пайдо мешавад, ки мо фаровардаҳои кишоварзии худро содир кунем.

Радиои Озодӣ: Оё ба Русия маҳсулоти изофӣ содир мешавад ва ё ин содирот фақат ба хотири он аст, ки бозори фурӯш пайдо шуд?

Акималиев: Бале, дар кишвари мо баъзе маҳсулоти изофии кишоварзӣ парвариш мешавад. Масалан, сабзавот, миқдоре фаровардаҳои ширӣ ва мисли он. Дар баробари ин баъзе навъҳои маҳсулот беш аз ҳад тавлид намешавад, вале кишоварзон барои гирифтани даромади бештар ва беҳбуди шароити зисти худ онро метавонанд барои содирот омода кунанд.

Радиои Озодӣ: Дар чунин ҳолат фикр намекунед, ки маҳсулоти хубу босифат ба Русия меравад ва маҳсулоти пастсифат дар худи Қирғизистон мемонад ва он ҳам дар бозорҳо мумкин аст бо нархи гарон ба фурӯш гузошта шавад?

Акималиев: Ман метавонам аз маҳсулоте ном бибарам, ки бидуни зарар ба бозорҳои дохилӣ дар шароити пеш омадани ин бӯҳрон дар берун аз кишвар бо нархҳои арзанда бифурӯшем. Масалан, мо имкон дорем, ки гӯшти гов, асп, гӯсфанд ва як силсила маҳсулоти шириро содир кунем. Дар ин бахшҳо мо маҳсулоти изофӣ дорем. Ҳоло ҳам мо ин маҳсулотро содир мекунем, вале монеаҳои зиёде ҳастанд, ҳатто унсурҳои ришвахорӣ ҳам дида мешавад. Мо сабзавоти изофӣ ҳам дорем. Метавонем бодирингу помидор, пиёзу карам ва сабзӣ содир кунем. Дар Тёншон картошкаи кӯҳистонӣ парвариш мекунем. Қирғизистон соле ба 630 ҳазор тонна картошка ниёз дорад. Вале тавлидоти мо як миллиону 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мо меваҳои хуб ҳам дорем. Бояд барномарезӣ шавад, ки бозори дохилӣ зарар набинад. Барои ин кор бояд механизми даркориро пайдо кард. Агар ба мо бозори фурӯшро боз кунанд, мо бояд ҳисоб кунем, ки барои худамон чӣ қадр бояд бигзорем ва чӣ қадр содир шавад”

Радиои Озодӣ: Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, масалан, Тоҷикистон ҳам ба содироти фаровардаҳои кишоварзии худ розӣ шудааст. Шумо чун коршиноси кишоварзӣ фикр намекунед, ки ба ҳар ҳол баъд аз чунин содирот нархҳо дар бозорҳо боло мераванд?

Акималиев: Ман фикр мекунам, ки албатта таъсир хоҳад дошт. Агар содирот танзим нашавад, ба нархҳо таъсир хоҳад дошт. Масалан, агар гӯштро бигирем. Барои ҳамин ҳукуматҳо бояд дар ин маврид барномаҳо дошта бошанд. Бояд ҳаду ҳудуд риоят шавад. Набояд ҳама чиз ва ҳар чизро бар зарари мардуми худ фурӯхт. Бояд манофеи мардуми худ дар назар гирифта шавад, вале маҳсулоти изофаеро, ки фурӯхта наметавонанд, содир кардан мумкин аст. Мо ҳар сол 30 дарсади маҳсулоти кишварзии худро талаф медиҳем. Агар мо онро фурӯшем, аз он бурд мекунем ва барои он пули хуб ҳам ба даст меорем”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG