Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Бобоҷон сарпарасти пулиси Бадахшон шуд


Генерал Бобоҷон.

Генерал Бобоҷон.

Генерал Бобоҷон, фармондеҳи маъруфи собиқ Иттиҳоди Шимол таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, сарпарасти пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон таъйин шуд.

Генерал Бобоҷон, яке аз ҳарбиёни собиқадори Афғонистон дар ҳоле раҳбарии пулиси Бадахшони ин кишварро ба зимма мегирад, ки бо афзоиши шумораи гурӯҳҳои ситезаҷӯ дар ин минтақа нигарониҳои Тоҷикистон аз амнияти марзҳояш афзоиш меёбад.

Саид Абдулқадири Сайёд, раиси дастгоҳи фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистон

Саид Абдулқадири Сайёд, раиси дастгоҳи фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистон

Саид Абдулқадири Сайёд, раиси дастгоҳи фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистон, ки то ба ҳол сарпарастии онро ба зимма дошт, дар таъйиди ин хабар ба Радиои «Озодӣ» гуфт, фармони вазири корҳои дохилии Афғонистон содир шуд ва қарор аст, генерал Бобоҷон рӯзи шанбе вориди Бадахшон шавад: «Як шифр гирифтем аз Кобул, ки дар он гуфта мешавад, генерал Бобоҷон минҳайси сарпарасти фармондеҳии амнияти Бадахшон таъин шуд. Ин ба он маъност, ки баъдтар ӯ фармондеҳ таъин мешавад.»

Генерал Бобоҷон унвони генералиро ҳанӯз замони хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистони замони ҳукмронии режими коммунистии Доктор Наҷибуллоҳ гирифтааст.

Аҳмади Закӣ, яке аз наздикони генерал Бобоҷон, мегӯяд, мавсуф муҳраи муҳими амалиёти ҷилавгирӣ аз кудатои «Шаҳнавоз Танай – Гулбиддин Ҳикматёр» дар соли 1990 буд. Вай афзуд, бо дастури Доктор Наҷибуллоҳ ва ҳамдастӣ бо Аҳмадшоҳ Масъуд ин кудаторо шикаст доданд ва пас аз суқути режими аввалӣ генерал Бобоҷон ба нерӯҳои ахирӣ пайваст: «Дар замони муқовимат нақши хеле барҷастаеро бозӣ кард ва дар канори муҷоҳидон буд. Ӯ дар ҳайати фармондеҳии шимоли Кобул фаъолият дошт, ки раҳбараш Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ҳоло вазири дифоъи Афғонистон буд. Фармондеҳи фирқаи 40 – ум буд, ки фурудгоҳи Багромро назорат мекард. Пас аз омадани Ҳомид Карзай фармондеҳи пулиси Кобул таъин шуд. Аммо бо вазирии корҳои дохилии вақт Саид Аҳмад Ҷалолӣ ва худи Ҳомид Карзай мушкил пайдо кард ва ӯро аз вазифаҳои муҳим берун андохтанд.»

Бадахшони Афғонистон

Бадахшони Афғонистон

Генерал Бобоҷон дар ҳоле фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистонро ба зимма мегирад, ки ба гуфтаи Саид Абдулқадири Сайёд, ниҳодҳои амниятии Бадахшон мушкили кадрӣ доранд. Ба қавли ӯ, агар дар бархе қитъаоти пулис дар маҳалҳо 42 пулис бошад, теъдоди ҷангиён аз 100 бештар аст. Гузашта аз ин, вай мегӯяд, дар гузашта дар Бадахшон ҳамагӣ 15 толиб фаъолият доштанд, ҳоло беш аз 1000 ҷангии ҳаракатҳои террористии минтақаиву байнулмилалӣ, аз ҷумла тоҷикон, чеченҳо, ӯзбакҳо, покистониҳо ва арабҳо афзуда, ҷамъ омадаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар вулусволии Ҷурми ин вилоят миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиён идома дорад. Бино ба ин манбаъ, як ҳафтаи гузашта дар пайи як амалиёт дар ин вулусволӣ 11 ситезаҷӯ ба ҳалокат расидаанд. Қаблан мақомоти амниятии Бадахшони Афғонистон хабар дода буданд, ки се тоҷик аз «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» дар ин ҷангҳо кушта ва як интиҳории дигар ҳам боздошт шудаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон борҳо аз эҳтимоли вуруди ҷангиёни гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ба марзҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буданд. Аммо Саид Абдулқадири Сайёд мегӯяд, зарурати ҳамкории махсуси ду кишвар дар қисмати ду Бадахшон ба миён омадааст, зеро он хатареро, ки дар Душанбе пешбинӣ мекунанд, дар ҳамин баландкӯҳҳои Бадахшони Афғонистон вуҷуд дорад, як хатари хаёлӣ нест.

Султони Ҳамад

Султони Ҳамад

Султони Ҳамад, таҳлилгари умури амниятӣ, мегӯяд, фармондеҳи пулиси Бадахшон таъин шудани як чеҳраи матраҳи барои Тоҷикистон ошно ва аз пайравони Аҳмадшоҳи Масъуд эътимоди Душанберо ба муборизаи нерӯҳои амниятии Афғонистон меафзояд. Вай изофа кард, генерал Бобоҷон аз ҳамразмони як генерали дигар, марҳум Мӯъмин аст, ки аввалин фирориҳои тоҷикро паноҳгоҳу ғизо дода буданд: «Як нафари ошно хеле муҳим аст ва ин ҳамкориҳои моро бо як вилояти ҳаммарз ва ноамн хуб мекунад. Бахусус, ки ӯ бо тоҷикон шинос аст, тамосҳоеро ҳам дошту шояд ҳоло дошта бошад. Имрӯз, ки дар минтақаи ҳаммарз масъули амниятӣ шуд, бидуни шак, ба пешрафти кори мақомоти мо кӯмак мекунад»

Тоҷикистон бо Афғонистон тӯлонитарин марзро дорад, ки 1200 километр аст ва аз ин марз ба ҷуз гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон низ гоҳ – гоҳ сар мехалонанд. Бавижа, ҳангоми амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Бадахшони ин сӯи марз ин хабар низ паҳн шуд, ки бо дархости Душанбе ҳудуди 10 қочоқбари маъруфи афғонро вазорати корҳои дохилии Афғонистон боздошт карда буд. Он замон нерӯҳои пулиси Афғонистон нагузошта буданд, ки аз он сӯи марз ба ноамниҳои Бадахшони Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбар ҳамроҳ шаванд.

Қабл аз ин генерал Бобоҷон фармондеҳи минтақаи 303 – и Помир дар вазорати корҳои дохилии Афғонистон буд. Ин минтақаи фармондеҳӣ, ки вилоятҳои Бадахшон, Бағлон, Қундуз ва Бадахшонро дарбар мегирифт, чанд рӯзи пеш аз сӯи вазири корҳои дохилии Афғонистон барҳам дода шуд. То генерал Бобоҷон фармондеҳии ин минтақаро генерали дигари тоҷик – Муҳаммаддовуди Довуд ба зимма дошт, ки бар асари як ҳамлаи террористӣ соли 2011 ба ҳалокат расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG