Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқ иҷоза дод


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки вай иҷоза додааст, то низомиён дар сурати зарурат барои дифоъ аз низомиёни Амрико ва кормандони дипломатии кишвараш дар шимоли Ироқ дар шаҳри Ирбил бар зидди тундравҳои исломӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳанд.

Обама дар идома ба даҳҳо ҳазор язидиҳо ишора кард, ки дар муҳосираи тундравҳои Давлати Исломӣ қарор доранд. Вай гуфт: “Мо бояд бодиққат ва масъулона рафтор кунем ва аз куштори дастаҷамъӣ пешгирӣ шавад”.

Обама гуфт, барои ҳамин ба ҳамлаҳои ҳавоӣ иҷоза додааст, то дар сурати зарурат ба нируҳои Ироқ кӯмак шавад ва муҳосираи шаҳрвандон хотима ёбад. Ба гуфтаи Обама, ҳоло ҳавопаймоҳои Амрико ба язидиҳои дар муҳосира қарор дошта аз ҳаво кӯмакҳои башарӣ мепартоянд. Ҳазорон нафари онҳо дар дар кӯҳи Синҷар беобу нон мондаанд.

Даҳҳо ҳазор нафар язидиҳо ва масеҳиҳо қабл аз расидани нируҳои Давлати Исломӣ хонаҳои худро тарк ва ба ин кӯҳистонҳо фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG