Пайвандҳои дастрасӣ

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола 10-уми август дар кишвар Рӯзи варзишгар таҷлил мегардад.

Рӯзҳои истироҳат - шанбе ва якшанбе - дар саросари кишвар бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи варзиш мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “субҳи рӯзи 9-уми август дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ҷамъомади ботантана бахшида ба иди касбии кормандони соҳа барпо мегардад. Ба ин ҷамъомад беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа, раҳбарони федератсияҳои миллӣ ва собиқадорони варзиш даъват шудаанд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов дар ин ҳамоиш, инчунин, аъзои дастаи мунтахаби кишвар, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ширкат мекунанд, даъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр , Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр оид ба 7 риштаи варзиш шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳимоя мекунанд.

Баҳрулло Раҷабалиев

Баҳрулло Раҷабалиев

Баъдан ҳайати бузурги варзишии кишвар бо шумули беш аз 100 нафар оид ба 18 намуди варзиш дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 18 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштини озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэдо, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев дар арафаи Рӯзи варзишгар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпиро тасдиқ кард. Вай афзуд, “мо 20 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷикро, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, барои гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод кардем.”

Ба рӯйхати варзишгароне, ки номзад барои гирифтани стипендияҳои олимпӣ мебошанд, инҳо дохил шуданд: Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев, Шаҳриёр Аҳмадов (бокс), Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

(варзиши сабук), Искандари Рустам, Фарҳоди Усмонзода, Манучеҳр Аллаев, Хусрав Облобердиев, Муродҷон Тӯйчиев, Залимхон Юсупов, Баҳодур Қодиров, Сомиршо Воҳидов (гуштини варзишӣ), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Расул Абдушарифов (дзюдо), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ).

Ва аммо ба назари коршиносони соҳа дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Чунончи, варзишгарони тоҷик имрӯз ба дастгирӣ ва кӯмаки молии сарпарастон ниёз доранд. Зеро барои як варзишгари касбиро омода карда, ба мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ равона кардан маблағи зиёд зарур аст. Вале бо он имконияти молие, ки имрӯз ташкилоту созмонҳои соҳаи варзиши Тоҷикистон доранд, омода кардани варзишгарони ҳирфаии сатҳи ҷаҳонӣ хеле мушкил аст.

XS
SM
MD
LG