Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми имрӯз, 8-уми август, дар Душанбе бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Малайзия баргузор мешавад.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Малайзия имрӯз, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз меёбад.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё раддабандии ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ як хел – 10 сомонӣ – муқаррар шудааст. Довари ФИФА Александр Гаузери 39-сола аз шаҳри Петропавловски Қазоқистон сардовари ин бозии байналмилалии дӯстона таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон, дар бозии дувум 7-уми июн дар Таллинн аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрдааст.

Ба иттилои ФФТ пас аз бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон дар сафар 12-уми август бо тими миллии Қазоқистон ва 4-уми сентябр бо мунтахаби Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG