Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия истифодаи беном аз интернет мамнуъ шуд


Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия фармоне содир кард, ки бар асоси он акнун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифодаи беном аз хадамоти интернетии Wi-Fi мамнуъ аст.

Дастрасӣ танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки агар корбар номи худро тибқи ҳуҷҷати худ пешниҳод кунад. Таҷҳизоти истифода низ бояд нишон дода шавад.

Мақомоти Русия назорат бар шабакаи ҷаҳонии интернет ва дастрасӣ ба онро тақвият додаанд. Бар асоси қонуни ахир блогнависоне, ки дар кишвар ҳар рӯз бештар аз 3 ҳазор хонанда доранд, бояд худро дар Роскомнадзор-танзимкунандаи хадамоти матбуотӣ сабти ном кунад ва таъйид намояд, ки муқаррароти қонунҳои Русия дар бораи матбуотро риоят мекунад.

Блогнависон наметавонанд бо номҳои мустаор фаъолият кунанд.

XS
SM
MD
LG