Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Арманистону Озарбойҷон бо Путин вомехӯранд


Раисони ҷумҳури Арманистону Озарбойҷон 8 август ба Сочӣ сафар мекунанд, то дар он ҷо бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба таври алоҳида мулоқот кунанд. Имкон дорад, ки мулоқоти сеҷониба ҳам баргузор шавад.

Ин сафари Серж Саркисян ва Илҳом Алиев ба Сочӣ дар ҳоле анҷом мегирад, ки муносиботи Арманистону Озарбойҷон барои Қарабоғи Кӯҳистонӣ ташдид ёфтааст ва аз чанд рӯз ба ин сӯ байни ҳар ду ҷониб даргириҳо сурат мегирад. Дар ин даргириҳо дастикам 20 нафар кушта шудаанд.

Озарбойҷон иддао мекунад, ки Қарабоғ бахше аз қаламраваш аст, вале ин минтақаро тақрибан 20 сол пеш нируҳои ҷонибдори Арманистон ба тасарруфи худ дароварданд.

Ҷониби Арманистон изҳори омодагӣ кардааст, ки дар ҷараёни боздиди дурӯзаи Саркисян ва Алиев аз Сочӣ розӣ аст, ки мулоқоти сеҷониба баргузор шавад. Вале то ҳол баргузории чунин мулоқотро таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG