Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯён шаҳри масеҳинишини Ироқро ишғол карданд


Тундравони исломӣ дар Ироқ бузургтарин шаҳри масеҳинишин ва гирду атрофи онро ишғол карданд ва аз тарси онҳо даҳҳо ҳазор нафар аз ин минтақа гурехтанд. Ситезаҷӯёни Созмони Давлати Исломии Ироқ як рӯз баъд аз он шаҳри Қарақошро ишғол карданд, ки размандагони пешмаргаи курд баъди шикасташон дар ҷанг бо ситезаҷӯён аз Қарақош хориҷ шуданд. Тундравони исломӣ ҳамчунин шаҳрҳои умдатан масеҳинишини Талл Кайф, Бартелла ва Карамлишро ишғол кардаанд. Ба гуфтаи телевизиони Курдистони Ироқ, ҳамчунин ду маҳаллаи курднишини Маҳмур ва Гвор дар 30 километрии шаҳри Ирбил ба дасти ҷанҷӯёни Давлати Исломии Ироқ афтодааст. Пештар аз ин нерӯҳои Ироқ ҳамзамон бо нерӯҳои курд рӯзи 6-уми август ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни Созмони Давлати Исломии Ироқ дар шаҳри Мосул ҳамла карданд. Аз ҷумла дар ҳамлаи ҳавоӣ бо додгоҳи шариатии Давлати Исломии Ироқ дар Мосул 60 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG