Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико гуфт, Русия ба худаш зарар мерасонад


Ҳукумати Амрико гуфт, дар сурати манъи воридоти маводи ғизоии Амрико ва Аврупо, иқтисоди худи Русия осеб мебинад ва ин кишвар дар инзивои бештар аз ҷомеаи байналмилал қарор мегирад. Лаура Лукас Магнисон, сухангӯи ҳукумати Амрико рӯзи 6-уми август гуфт, ниқори Русия аз ширкатҳои ғарбӣ дар посух ба таҳримоти Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба иқтисоди Русия зиёни бештар мерасонад. Ба қавли ӯ, ҳатто Бонки миллии Русия ҳам гуфтааст, ки манъи воридоти маводи ғизоӣ сабаби афзоиши таваррум ва ё инфлятсия дар кишвар мешавад. Бино ба гузоришҳо, Алексей Алексеенко, сухангӯи Оҷонси стандартизатсияи маводи ғизоӣ дар Русия гуфтааст, ки воридоти “тамоми маводи ғизоӣ” аз Амрико мамнӯъ мешавад. Ба қавли вай, хариди "меваву сабзавот аз Иттиҳодияи Аврупо” қатъ мекунанд. Амрико ва Аврупо солона ба Русия бо арзиши миллиардҳо доллар маводи ғизоӣ мефурӯшанд. Ҳарду тараф бинобар амалкардҳои Русия дар Украина алайҳи афроди алоҳидаву ширкатҳои русӣ таҳримоти гуногун эъмол карданд.

XS
SM
MD
LG