Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба вилояти Хуросони Эрон


Маҷмаи намояндагони Хуросони Разавӣ (манотиқи шимолу шарқи Эрон) бо таъкид бар ин ки манобеи оби Эрон дар вазъи буҳрониянд, тарҳи интиқоли оби Тоҷикистонро ба ин вилоят зарур шуморидааст. Муҳаммадризо Мӯҳсинии Сонӣ раиси Маҷмаъи намояндагони Хуросони Разавӣ 6 август ба хабаргузорииҳои Эрон гуфтааст, ки тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон аз он ингоҳ зарур аст,ки хушксолиҳои ахир дар вилояти Хуросон сабаби коҳиши шадиди захоири обӣ шудааст. Вай таъкид кардааст,ки барои таъмини манобеи обии вилоят тарҳи руи даст гирифта шудааст,ки аз манобеи оби ғанӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Аммо мақомоти Вазорати энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар робита ба вуҷуди ҳамчунин тарҳи обёри Аз Тоҷикистон ба манотиқи Эрон изҳори бехабарӣ карданд. Як мақоми ин ниҳод гуфт,ки шояд ҷониби Эрон ҳамчунин тарҳро омода карда бошад вале ҳануз ба Тоҷикистон ё ба Вазорати энергетика ва захоири оби пешинҳод накардаанд. Муҳаммадризо Муҳсинии Сонӣ бо ишора ба тарҳи интиқоли об аз кишвари Тоҷикистон ба ин вилоят гуфтааст, ки тарҳи интиқоли оби Тоҷикитсон ба Хуросон дар марҳилаи нахуст қарор дошта ва аз ҳоло масоили омузишӣ ва бароҳ мондани он анҷом шуда ва се созмони молии қавӣ низ барои татбиқи он изҳори омодагӣ кардаанд. Вай гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи танзими қарордод бо паймонкорон ҳастем то онҳо бар асоси тақиқоти анҷомдодашуда битавонанд аз ҳар роҳе, ки камхарҷ ҳаст, ин тарҳро иҷро кунанд ва обро аз кишвари Тоҷикистон ба вилояти Хуросони Разавӣ ва шарқи кишвар мунтақил кунанд.

XS
SM
MD
LG