Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз духтарон дар ноҳияи Қубодиён изҳор доштанд, ки мехоҳанд дар сафҳои артиши Тоҷикистон хидмат кунанд.

Як гурӯҳ духтарон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, зимни муроҷиат ба ҳукумати ноҳия хостори хидмат дар артиши кишвар шудаанд. Ин даъват дафъатан идеяи дигарро дар зеҳнҳо рӯшан кард, ки шояд даъвати занҳо ба артиш битавонад аз сарпечии мардҳо аз хизмати аскарӣ ҷилавгирӣ кунад.

Пешниҳоди ҷалби занҳо ба сафи нерӯҳои низомиро гурӯҳи духтарон рӯзи сешанбеи 5 август дар нишасти фаъолони ноҳияи Қубодиён ба ҳукуматдорон матраҳ кардаанд.

Дилноза Каримова, сокини 18-солаи ҷамоати "20-солагии Истиқлол" -и ноҳияи Қубодиён" дар ин ҷаласа алоқамандии худро барои хидмат дар сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баён кардааст. Вай гуфт, бо нӯҳ дугонааш машварат кард, ки агар ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз ин иқдом пуштибонӣ намояд, онҳо бо ҷавонписарон хидмати Модар - Ватанро адо кунанд. Дилноза дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «Хоҳиш дорам, ки хизмат кунам, бачаҳо хизмат мекунанд ва мо духтарон низ бояд саҳми худро ба ватан гузорем ва ба ҳамин хотир рафта пешниҳод кардам, ки хизмат мекунам. Мегӯянд, ки шароити хуб дорад дугонаҳоям низ манро дастгирӣ карданд.»

Масъулони бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Қубодиён мегӯянд, ки пешниҳоди духтарон барои хидмати сарбозӣ, комилан ғайримунтазир будааст, аммо ҳукумати ноҳия онро пазируфт ва акнун ин дархост ба комиссарияти ҳарбии вилояти Хатлон исрол мешавад. Бар пояи қонунҳои Тоҷикистон занҳо, ба истиснои онҳое, ки фаъолияташон ба соҳаи низомӣ рабт дорад, аз хизмати аскарӣ озоданд.

Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ташаббуси гурӯҳи духтарон истиқбол кард, аммо гуфт, онҳоро на барои сарбозӣ, балки барои кӯмакрасонӣ ба сарбозон ба қисмҳои низомӣ даъват кардан мумкин аст.

Раиси ноҳия мегӯяд, даҳ духтареро, ки бо чунин пешниҳод муроҷиат кардаанд, нахуст ба давраҳои якмоҳаи омӯзишӣ ҷалб хоҳанд кард, то дар сурати сафарбар шудан ба қисмҳои низомӣ соҳиби шуғле бошанд: «Духтароне, ки мактаби миёнаро хатм кардаанд, рафта ҳамонҷо кор кунанд ва хидмат кунанд, сарбоз ҳам набошанд, ошпаз бошанду бо либоси низоми дар миёни ҷавонон зоҳир шаванд, фикр мекунам, ки саркашии ҷавонон аз сарбозӣ дар ноҳия ва филоят кам мешавад ва ин ба фоидаи кор аст.»

Ба андешаи раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён, сафарбар шавии духтарон ба Артиш, метавонад, омили ҷилавгирӣ аз сарпечии ҷавонон барои хидмат дар сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гардад.

Нуралӣ Фақиров, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон мегӯяд, ҳарчанд барои бори аввал чунин пешниҳоде аз ҷониби гурӯҳе аз духтарон шудааст, вале тибқи қонун духтарон иҷозаи сарбозиро надоранд ва танҳо пас аз хатми коллеҷ ё омӯзишгоҳҳо метавонанад дар қисмҳои низомӣ кор кунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷаноби Фақиров меафзояд, воқеан бархе аз духтарон назар ба писарон ҷасорати бештар доранд ва метавонанд дар сафи артиши Тоҷикистон хидмат кунанд.

Аммо Сабоҳат Муҳиддинова, раиси идораи кор бо занони ноҳияи Қубодиён бар ин аст, ки дар ҳоли набудани ҷои кор барои занону духтарон, сафарбар шудани онҳо ба қисмҳои низомӣ манбаи даромад хоҳад шуд.

Волидайни духтарон низ танҳо ба хотири аз байн бурдани мушкилоти молии хонавода барои ба сарбозӣ рафтани онҳо розӣ мешаванд. Тошгул Маҳмадалиева, модари ҷавондухтаре аз Қубодиён, ки чандон барои ба сарбозӣ рафтани духтараш розӣ нест, аммо ба хотири рафъи мушкилоти молии хонавода мувофиқ аст, духтараш барои кор дар қисми низомӣ сафарбар шавад. «Розигиямонро медиҳем, агарки ягон духтари дигаре ба хизмат рафта бошад. Дар деҳаи мо ягон духтар ба хизмат нарафта буд ва мехоҳем, ки раванду ба ватан хизмат кунанд.»

Зимнан, дар ноҳияи Қубодиён беш аз 80 ҳазор зану духтар зиндагӣ мекунанд, ки набуди ҷои кор, мушкили асосии онҳо дар русто аст. Онҳо умдатан дар киштзорҳо корҳои мавсимиро анҷом медиҳанд, вале музди хубе пайдо карда наметавонанд.

Пешниҳоди иддае аз духтарони ноҳияи Қубодиён ба хизмат дар сафи артиш дар ҳолест, ки наздик ба 2 ҳазор зан дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар кор мекунанд.

Дар охирин намоиш ё паради низомӣ, ки ба муносибати 20-солагии нируҳои марзбон дар Душанбе баргузор шуд аввалин бор беш аз 300 зан аз нируҳои марзбон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ширкат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG