Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Журналистикаи киселевӣ ба Тоҷикистон меояд


Дмитрий Киселев, раиси хабаргузории "Россия сегодня"

Дмитрий Киселев, раиси хабаргузории "Россия сегодня"

Густариши шабакаи хабарии «Россия сегодня» дар Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Тоҷикистон, ба давраи баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистонро нигаронида шудааст.

«Россия сегодня», бузургтарин оҷонсии иттилоотии давлати Русия, "фарзанди маънавӣ"-и президенти Русия, Владимир Путин таҳти сарварии мубаллиғи барҷастаи сиёсатҳои Кремл -- Дмитрий Киселев дар Тоҷикистон намояндагии худро боз мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло коршиносони ин оҷонсӣ бо мақомоти Тоҷикистон вориди музокирот шудаанд ва ҳамзамон ба истихдоми кормандон, таҳияи дафтар, сабти ном ва омӯзиши қонунгузории Тоҷикистон машғуланд. Дар ҳоле, ки истихдомшудаҳо ва номзадҳо барои кор дар ин бунгоҳи хабарӣ бурду бохти худро аз ҳамкорӣ бо ин бунгоҳ баррасӣ мекунанд, маъмурияти он дар Русия ин хабарро аз матбуот пинҳон нигаҳ медорад.

Алла Надёжкина, масъули дафтари марказии «Россия сегодня» дар Маскав дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» рӯзи 6-уми август гуфт: «Ҳоло мо омода нестем дар бора иттилоъ диҳем. Вақте ки, ҳамин гуна маълумот дастрас шуд Шуммо аввал шуда аз он огоҳ хоҳед шуд».

Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии «Россия сегодня» корхонаи воҳиди давлатии федеролӣ аст, ки аз сӯи президент Владимир Путин дар заминаи оҷонсии «РИА Новости» ва радиои «Голос России» ба хотири таблиғи сиёсати давлатии Русия дар хориҷ моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст.

«Россия сегодня» то ин замон дар Тоҷикистон танҳо як хабарнигор дошт. Ҳоло, бино ба иттилои дарёфтӣ, ин оҷонсӣ тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон аз 20 то 25 хабарнигору корманди эҷодӣ дошта бошад. Мақомоти Тоҷикистон низ зоҳиран нишон медиҳанд, ки ба зуҳури хабаргузории давлатии Русия дар қаламрави кишвар мухолиф нестанд ва аз ин истиқбол мекунанд.

Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, «фикр мекунам ҳар қадар расонаҳои ахбор дар Тоҷикистон зиёдтар бошад ин ба манфиати мардум аст. Ман дар ин ҷо ягон хатарро намебинам. Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва ин роҳ додани оҷонсиҳои хабарии хориҷа мувофиқ ба ин сиёсат аст. Гузашта аз ин расонаҳои ахбори Русияро хусусан телевизионҳояшро бе ин ҳам дар ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон тариқи моҳвора тамошо мекунанд ва ин расонаҳо то ба ҳол ба амнияти Тоҷикистон хатаре эҷод накардаанд.»

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 10 расонаи русӣ, ба шумули шабакаҳои телевизионии «Россия» ва «ОРТ», «Итар ТАСС», «Фото «Итар ТАСС», рӯзномаҳои «Транспорт России», хабаргузориҳои «Регнум» ва «Интерфакс» фаъолият доранд. Танҳо ду расонаи пойгоҳи низомии 201 - «ТВ 201» ва «Солдат России» бар пояи созишномаи миёни ду кишвар фаъолият мекунанд. Ҳамчунин рӯзномаи «Российская газета» низ ният дорад дар Тоҷикистон дафтари худро боз карда бо иловаи замимаи хабарҳои Тоҷикистон онро дар Душанбе ба нашр расонад. То ба ҳол расонаҳои Русия дар Тоҷикистон яктоӣ хабарнигор доранд, ки барои хонандагони ин кишвар матлаб таҳия мекунанд.

Ҳамакнун «Россия сегодня» азм дорад ба забонҳои русиву тоҷикӣ махсус ба аудиторияи Тоҷикистон иттилоъ пахш кунад. Чӣ зарурате ин расонаи бузурги Русияро водор кардааст, то ҳузури худро дар Тоҷикистон тақвият диҳад?

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, давлати Шӯравӣ ва ҳоло Русия, аз соли 1936 ба ин сӯ дар кишварҳои форсизабон барнома пахш мекард ва дар муқобили расонаҳои Ғарб сиёсати иттилоотиашро пеш мебурд: «Дар ин амр, албатта, аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба назар гирифта мешаванд. Агар Русия ба минтақа таваҷҷӯҳ кардааст, пас бояд ин ҳадафашро роҳандозӣ намояд. Ин ҷо танҳо ҳарфи Тоҷикистон нест, ҳарфи бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст. Ин ҳама дар вазъи кунунӣ чӣ маъно дорад? Ин минтақа ҳам ба низоми хориҷии иттилоотии Русия ворид мешавад. Ин тавр гӯем, дуруст аст. Агар дар гузашта ин минтақа хориҷа набуд, акнун ин хусусиятро пайдо кардааст».

Тавсеаи «Россия сегодня» ба Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама дар Тоҷикистон, дар ҳоле барномарезӣ шудааст, ки минтақа мунтазири хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон аст ва Русия дар амри вуруди ин кишварҳо ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо мухолифати ҷомеаҳо рӯбарӯст.

Маҳдии Собир, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, Украина, як кишвари амалан ҳамтани Русия, чашми Маскавро боз кард. Ба қавли ин таҳлилгар, дарҳои Аврупо ба рӯи Русия баста мешаванд ва Маскав мутаваҷҷеҳи ин воқеият ҳам шуд, ки «бозӣ» - ро ба рақибонаш дар Осиёи Марказӣ ҳам хоҳад бохт: «Худи русҳо, як ҳикмати маъмулӣ доранд, ки Русия се шарики стратегӣ дорад: артиш, неруҳои баҳрӣ ва ВАО. Як далели заъфи Русия дар Осиёи Марказӣ маҳз ҷанги иттилоотӣ буд. Ҳоло бо пиёда кардани сиёсатҳои ҷадид ин иштибоҳҳоро мехоҳад ислоҳ кунад.»

Коршиносон мегӯянд, сабти номи «Россия сегодня» дар Тоҷикистон эҳтимолан ба як масъалаи ҷиддии муносибати ду кишвар табдил ёбад. Аз нигоҳи онҳо, ин расона дар Тоҷикистон ба бозори расонаҳои хориҷиву дохилӣ як бозии ҷиддиеро ворид хоҳад кард, ки ба амнияти иттилоотии кишвар низ бетаъсир нахоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG