Пайвандҳои дастрасӣ

Сардовари бозии Тоҷикистону Малайзия иваз шуд


Александр Гаузер

Александр Гаузер

Федератсиони футболи Қазоқистон сардовари бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Малайзия иваз кард.

Ибтидо довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаато сардовари бозии байналмилалии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Малайзия таъин шуда буд. Вале ӯ ба иллати лат хӯрданаш ин бозиро доварӣ карда наметавонад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҷойи Алиев довари ФИФА Александр Гаузери 39-сола аз шаҳри Петропавловски Қазоқистон ба Душанбе меояд. Ба сардовар Гаузер ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Дар бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия довари ФИФА Насрулло Кабирови 29-сола аз шаҳри Норак довари эҳтиётӣ таъин шудааст. Давлатманд Исломов, сардори шӯъбаи байналмилалии ФФТ комиссари бозӣ ва Шавкат Аҳмадов, мудири техникии ФФТ нозири доварон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи ҷумъаи 8-уми август, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ як хел – 10 сомонӣ – муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон, дар бозии дувум 7-уми июн дар Таллинн аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрдааст.

Ба иттилои ФФТ пас аз бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон дар сафар 12-уми август бо тими миллии Қазоқистон ва 4-уми сентябр бо мунтахаби Беларус бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG