Пайвандҳои дастрасӣ

Табибони олам давои вабои Эболаро меҷӯянд


Дар Женева рӯзи 6 август нишасти изтирории ҷомеъаи тиббии ҷаҳон дар робита ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии вабои Эбола дар кишварҳои Африқои ғарбӣ шурӯъ шуд. Табибони олам мавзӯи кор гирифтан аз чораҳои оҷил, аз ҷумла, маҳдудсозии ҳаракату равуои мардум дар кишварҳои гирифтори ваборо баррасӣ мекунанд.

Шурӯъ аз моҳи феврали соли равон дар Гвинея, Либерия, Сьерра-Леоне ва Нигерия аз вабои Эбола тақрибан 900 нафар ба ҳалокат расиданд.

Коршиносони аршади байнулмилалӣ даъват мекунанд, ки барои мубориза бо Эбола аз дорувори дар ҳоли санҷишу таҷруба истифода шавад.

XS
SM
MD
LG