Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи ҳавопаймои бесарнишин 5 кушта бар ҷой гузошт


Манбаъҳои истихборотии Покистон гуфтанд, ки бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини эҳтимолан амрикоӣ ба Вазиристони Шимолӣ панҷ тан аз ҷангҷӯён кушта шуданд. Ба иттилои кормандони хадамоти амниятӣ, ин ҳавопаймоҳо рӯзи 6 август ба рустои Датта Хел ду мушак андохтанд. Дар ин ҳодиса ду тани дигар аз ҷангҷӯён ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки бештари қурбониёни зарба мусаллаҳони хориҷӣ буданд, вале дар бораи ҳуввияти онҳо иттилое зери даст нест. Рӯзномаи покистонии "Dawn" хабар дод, ки дар ин минтақа асосан мусаллаҳони «Ал-Қоида» ва ситезаҷӯёни хориҷӣ - ӯзбаку уйғурҳо панаҳ бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол аъзои ҷомеъаи сикхҳои Покистон рӯзи чаҳоршанбе ба нишони эътироз алайҳи ҳамлаҳо ба онҳо яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Пешоварро бастанд. Бар асари ҳамлаи афроди ношинос рӯзи 6 август як сикҳ кушта ва се каси дигари онҳо маҷрӯҳ шуданд. Сикҳо талаб доранд, ки мақомот ҳамлагаронро ошкор ва боздошт кунанд.

XS
SM
MD
LG