Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Чин афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминдарза дар вилояти Юннан, воқеъ дар ҷанубу шарқи Чин, ба 589 нафар расид. Хабаргузории Синхуа рӯзи 6 август иттилоъ дод, ки дар ин офати табиӣ беш аз 2400 нафар осеб диданд, 9 нафар то ҳол ҳол бе ному нишонанд.

Заминларзаи нерӯяш 6,1 дараҷаи Рихтер дар минтақаи Лудяни вилояти Юннани Чин рӯзи 3 август рӯй дод. Ларзиши замин дар вилоятҳои ҳамсояи Гуйчжоу ва Сичуан ҳам эҳсос шуд.

Мақомоти Чин рӯзи чаҳоршанбе аз ихтиёриён даъват карданд, ки ба мавзеъҳои аз заминларза осебдида наздик нашаванд, зеро онҳо боиси роҳбандӣ мешаванд ва кори наҷотбахшонро душвортар мекунанд.

Бар пояи хабарҳо, ба асари заминларза без аз 12 ҳазор бино хароб шуда, хатти барқ ва хатти робитаи телефонӣ осеби ҷиддӣ дидааст. Дар корҳои наҷотбахшӣ беш аз дувуним ҳазор низомиён ширкат доранд.

Соли 2008 бар асари заминдарзаи мудҳиш дар вилояти Сичунаи Чин даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG