Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои амнияти СММ аз вазъи шарқи Украина нигаронӣ кард


Ҷон Ҷинг, раиси Оҷонси СММ дар умури башарӣ, шоми сешанбе дар нишасти фаврии Шӯрои амнияти СММ, изҳор намуд, ки вазъи башарӣ дар шарқи Украина торафт бадтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин минтақа мушкили дастрасӣ ба оби пок ва нерӯи барқ мавҷуд аст ва миқёси харобиҳо торафт бузургтар мешавад. Ва ин дар ҳоле, ки, афзуд Ҷон Ҷинг, бештари табибон минтақаро тарк намудаанд.

Мансабдори воломақом ҳушдор дод, ки агар ба зудӣ ҳалли сиёсии бӯҳрон дар шарқи Украина пайдо нашавад, теъдоди қурбониён ба карат афзоиш хоҳад ёфт. То имрӯз ба иттилои СММ, бар асари даргириҳо дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск 1367 нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо сокинони осоишта ҳам кам нестанд.

Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, вазъи башарии шарқи Украинаро “фалокатбор” номид ва пешниҳод кард, ки ба Донетск ва Луҳанск зери сарпарастии Салиби Сурх кӯмаки башарӣ фиристода шавад.

Аммо муовини намояндаи Украина дар СММ Александр Павличенко изҳор намуд, ки дар шарқи Украина бӯҳрони башарие мушоҳида намешавад ва вазъи Донетску Луҳанск фақат “ҷиддӣ” аст. Ба гуфтаи ӯ, Украина тавони бо нерӯи худ ислоҳ кардани вазъиятро дорад.

Розмарӣ Дикарло, намояндаи ИМА, гуфт, ки ба хотири баррасии вазъи башарӣ дар Украина доир кардани нишасти фаврии Шӯрои амният он қадар зарурат ҳам надошт. Намояндаи Бритониё Марк Лайалл Грант изҳор намуд, ки масъулияти вазъи башарӣ дар шарқи Украина бар дӯши Русия аст.

XS
SM
MD
LG