Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зебуннисои Имомёр: "Ягон рӯз аз ёди Имомназар фориғ нестем..."


Имомназари Холназар.
Имомназари Холназар.

Рӯзи 6-уми август, зодрӯзи Имомназари Холназар, рӯзноманигори саршинос, ҳаҷвнависи шинохтаи тоҷик ва аввалин сардабири ҳафтаномаи «Адолат» мебошад.

Имомназари Холназар 21-уми марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст. Агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ шасту дусола мешуд. Ӯ аз соли 2000-ум аз бемории қанд ранҷ мебурд. Вале бо вуҷуди ин кори эҷодиашро канор нагузошт ва то лаҳзаҳои вопасини умр бо қаламу коғаз ҳамроҳ буд. Китобҳои ӯ - "Ҳар киву ҳар чӣ", "Ман ҳамин хел одам", "Боре набувад гаронтар аз ор", «Аз хандая мемурӣ» ва «Аҷаб замонаҳое...» нашр шудаанд ва чанд асари дигараш мунтазири чоп аст..

Зебуннисои Имомёр, хонуми Имомназари Холназар, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 6 август гуфт, ки фарзандон ва пайвандону дӯстонаш рӯзе аз ёди фориғ нестанд. Ӯ мегӯяд, "Имомназар барои мо ҳамеша зинда аст. Ҳамеша ёдаш мекунем, рӯзе нест, ки аз ягон ҳикояаш ёд наоварем, дар борааш ягон гапи хуш нагӯем, зеро одами хуб буд. Фарзандҳо ҳама ҷамъ мешаванд, ҳамеша ёдаш мекунанд. Ҷойи Имомназар ҳамеша дар дилу дидаҳои мо холӣ аст..."

Радиои Озодӣ: Хонум Зебуннисо, дар як сӯҳбат бо мо гуфта будед, ки аз Имомназар асарҳои зиёди нашрнашуда, аз ҷумла, қиссаву тарҷумаҳо боқӣ мондаанд. Оё талоше барои чопи асарҳо аз ӯ ба меросмонда сурат гирифт?

Зебуннисои Имомёр: Талоше то ҳол накардаем, зеро аз “Аҷаб замонаҳое!”, китоби ахираш, ҳанӯз ҳам тақрибан 800 нусха дар хона боқӣ мондааст... Китоби “Тобистони аввалини бачагӣ” то ҳол чоп нашудааст, шояд оянда фарзандҳояш барои чопи он кӯшиш кунанд. Тарҷумаи достони Илф ва Петров “Дувоздаҳ курсӣ” ҳам мунтазири чоп аст. Аз Имомназар латифаҳои зиёд ҳам мондааст. Мегуфт, ки ягон ҳазор латифа дар майнаам давр мезанад, кош саломатӣ медоштам ва ҳамаашро рӯи коғаз меовардам... Афсус, ки дасташ нарасид. Бар ҳар ҳол, латифаҳои парокандааш ҳам ҳастанд. Аммо ҳоло одами китобхон, ки кам аст дили одам ҳам сард мешавад барои чопи китоб. Талабот кам аст. Мегӯянд, ки ҳаҷвнигори хуб надорем, аммо китоби ҳаҷвии хуб чандин сол дар дӯкон зери чанг хоб меравад... Мегӯянд, ки ҳаҷви хубу ҳаҷвнигор надорем, аммо аз Имомназар ёде намекунанд.

Имомназари Холназар соли 1975 баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи он замон машҳури "Комсомоли Тоҷикистон" (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) оғоз кардааст. Баъдан то соли 1990 ӯ дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" (ҳоло “Ҷумҳурият”) чун хабарнигор, мудири шӯъба ва котиби масъул кор кард ва баҳори соли 1990 бинобар мухолифаташ бо бархӯрди ҳукумати вақти кишвар ба ҳаводиси феврал ё "Баҳманмоҳи хунин" аз мақом барканор шуд.

Аммо ӯ боз ҳам канор нарафт ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Адолат» -- нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистонро таъсис дод ва худ аввалин сардабири он шуд. Ин ҳафтанома то шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз маъруфтарин нашрияҳои вақт ба шумор мерафт. Имомназари Холназар, ки борҳо меҳмони Радиои Озодӣ буд, чанд қиссаи ҳаҷвияшро ба шунавандагон нақл кардааст ва ин ҷо садои ӯро бишнавед.

Чанд қиссаи ҳаҷвӣ аз забони зиндаёд Имомназари Холназар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:56 0:00
Линки мустақим


ЧАНД ЛАТИФА АЗ ИМОМНАЗАРИ ХОЛНАЗАР

«Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ камондорон дар деҳае як гурӯҳ сокинонашро саф ороста, пурсуҷӯ мекунанд. Сардори даста аз зане мепурсад, ки «Номат чист?»

Зан посух медиҳад:

-Шарофат.

Командир ба зердасташ фармон медиҳад:

-Ин каса ҷавоб диҳед, ҳамноми модари ман будааст.

Ва аз марди ҳампаҳлӯи зан мепурсад:

-Номи ту чист?

Мард мегӯяд:

-Номи ман аслан Рустам аст,лекин дар қишлоқ ҳама Шарофатум меган.»

*** *** ***

«Дар дафтари шоир Салимшо Ҳалимшо як гурӯҳ кормандони рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» шоҳмот мезаданд. Котиби масъул

дарро мекушояд, ки дуди сигор дар фалак, фазои ҳуҷра ғализ. Салимшо таклиф мекунад:

-Биё, шин, шоҳмот занем.

Котиб рад мекунад.

-Дар утоқи шумо хар намешинад.

Салимшо нимғурма мегӯяд:

-Ин хел бошад, рав.»

*** *** ***

«Дардам хурӯҷ карду ба занам шикоят кардам.

Гуфт:

-Чӣ кор кунам?

Гуфтам:

-Ҳар вақте ки дардам боло мегирифт, чӣ кор мекардӣ?

Гунаҳкорона иқрор шуд:

-Манаҳбанд тайёр мекардам.»

*** *** ***

Чанд ҳикоёти хурд аз боби «Гапи рост – аз забони кӯдак»:

«Набераҳакома дар сари себе ҷанҷол шуд. Калонӣ зӯр баромаду себа соҳибӣ кард. Хурдӣ ба гиря даромад. Хоҳиш кардам:

-Самоҷон, себа хоҳаракта бите, бубин, чӣ хел гиря дорад-е?

Само гуфт:

-Себма хоҳарма бутум, баъд худум гиря кунум.»

*** *** ***

«Аз бемористон баъзан барои набераҳо мева мефиристодам. Дар хона Само аз момааш афлесун пурсид. Момааш гуфт, ки нест, тамом шуд.

Само сӯи банда рӯ оварда, илтиҷоомез гуфт:

-Бобоҷон, Шумо равен, боз дар касалхона хоб кунен.»

*** *** ***

«Писарам Меҳроҷро, ки акнун донишҷӯй аст, барои кадом амале сарзаниш кардам:

-О, ту як фикр кун, бе ақлу шарафу виҷдон зиндагӣ кардан мумкин аст магар?!

Ӯ ҳозирҷавобӣ кард:

-Ҳова, бе КПСС зиндагӣ дорем-ку.»

*** *** ***

«Як хонуми хешамон хона омаду ҳангоми сӯҳбат изҳор дошт, ки дар кадом як ташкилоти байналхалқӣ кор мекунаду чаҳорсад доллар маош мегирад. Ҳамон рӯз устоямон Ҳусейн хуб кор карду таърифаш кардам:

-Лекин мисли ҳафт мард кор мекунӣ-да, усто.

Аз сӯҳбати мо бо хешдухтарамон огоҳ будааст, ки бедимоғ гуфт:

-Рост, мисли ҳафт мард кор мекунам, лекин чун як зан маошам намедиҳӣ.»

*** *** ***

«Соати яки шаб занги дарвоза баланд шуд, кушоям ҳампешаам Хурсанд Ҷумъазода. Ҳамин ҳоло аз Самарқанд омада будааст. Барои ташрифи нобаҳангомаш узру маънии бисёр кард ва афзуд:

-Фикр кардам, ки дар ин бевақтӣ хонаи кӣ равам. Ту ба ёд омадӣ. Охир, нози хара хар мебардорад.»

XS
SM
MD
LG