Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии шатранҷбозони тоҷик бар Ямайка ва Черногория


Шатранҷбозони тоҷик дар даври севуми Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Тромсои Норвегия бар дастаҳои Ямайка ва Черногория пирӯз шуданд.

Дар Олимпиадаи 41-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар Тромсои Норвегия бо ширкати 177 дастаи мардона ва 136 дастаи занона ҷараён дорад, даври севуми мусобиқот ба анҷом расид. Дар сабқати мардон шатранҷбозони тоҷик дар даври севум бар тими Ямайка бо ҳисоби 2,5-1,5 ғолиб омадаанд. Дар сабқати занон мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум тими Черногорияро бо ҳисоби 2,5-1,5 шикаст дод. Дар даври чорум дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Индонезия ва шатранҷбозони тоҷик бо тими Юнон рақобат мекунанд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар сабқати мардон дастаҳои Фаронса, Сербия, Русия, Узбакистон ва Ҳолланд, ки 3-имтиёзӣ доранд, пешсафанд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи 63-юм қарор дорад. Дар сабқати занон мунтахаби Эрон пешқадам аст. Дар зинаҳои баъдӣ тимҳои Чин, Арманистон, Русия ва Индонезия ҷойгир шудаанд. Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ҷойи 54-ум мебошад.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мардонаи кишвар гроссмейстер Фаррух Амонатов, устодони байналмилалӣ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Ҷамшед Исоев, Сӯҳроб Ҳамдамов, инчунин шатранҷбози ҷавон Амин Қобилов ва ба ҳайати дастаи занона Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом ва Саодат Одинаева дохиланд. Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Норвегия то рӯзи 14-уми август идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG