Пайвандҳои дастрасӣ

"Худиҳо" дар ҷомаи "бегона" ё "бегонаҳо" дар пироҳани "худӣ"


Дар Русия татбиқи қонуне шурӯъ шуд, ки бар пояи он пинҳон кардани шаҳрвандии дигар кишвар муҷозотро ба думбол хоҳад дошт.

...Агар шумо дар ҷайбатон ба ҷуз шиносномаи тоҷикӣ шиносномаи Русияро ҳам доред, пас мутмаин шавед, ки ҳарду санад дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ расман сабт шудаанд. Шурӯъ аз рӯзи душанбе, 4 август, шаҳрвандони Русия, ки соҳиби шиносномаи дигар кишварҳоянд, бояд дар ин бора Хадамоти федеролии муҳоҷиратро дар ҷараён гузорад. Шаҳрванд бояд тайи ду моҳи оянда иттилоъи заруриро шахсан ё тавассути почта ба ин ниҳод фиристад. Ба нома нусхаи шиносномаи русӣ ва нусхаи санад дар бораи шаҳрвандии кишвари дигар замима мешавад.

Онҳое, ки баъд аз ин ҳам шаҳрванди кишвари дигар буданашонро махфӣ нигаҳ медоранд, бар пояи қонуни нав, ба маблағи 200 ҳазор рубл ҷарима мешаванд ё то 400 соат корҳои иҷбориро анюом хоҳанд дод. Иҷрои қонун дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол аз соли 2016 шурӯъ мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, назорат аз болои душаҳрвандӣ – ибтикори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст, ки чанд моҳ пеш дар мулоқот бо аъзои Шӯрои Федератсия таъкид кард, Русия бояд донад, ки кадоме аз шаҳрвандонаш шиносномаи дигар кишварҳоро ҳам доранд.

Бар пояи як назарпурсии ВСИОМ, Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, аз сабти номи афроди дорои ду шаҳрвандӣ 59 дар сади сокинон пуштибонӣ кардаанд.

Русия “ҷосусҳо”-и амрикоиро меҷӯяд?

Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башари рус мегӯяд, ки ба душаҳрвандӣ дар Русия иҷоза аст ва аммо дар пояи созишҳои байнидавлатӣ – то имрӯз Маскав чунин созишҳоро фақат бо Тоҷикистон ва Туркманистон имзо кардааст. Дарёфти шаҳрвандии дигар кишварҳо

Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина

ҳам расман манъ нашудааст ва ҳоло садҳо ҳазор шаҳрвандони Русия соҳиби шиносномаҳои ду ва ҳатто се давлати дигаранд. Бар пояи қонун, афроди соҳиби ду шаҳрвандӣ ҳаққи ишғоли мақомҳои муҳими давлатиро надоранд.

Хонум Ганнушкина мегӯяд, ки “миёни Русияву Тоҷикистон дар бораи душаҳрвандӣ созиш ҳосил шудааст ва касе ҳатто ба хаёлаш роҳ намедиҳад, ки соҳиби ду шаҳрвандӣ буданашро пинҳон кунад. Онҳое, ки шаҳрвандии ин ду кишварро доранд, аз имтиёзҳое низ бархӯрдоранд, аз ҷумла, шаҳрванде, ки дар Тоҷикистон хизмати низомиро анҷом додааст, дар Русия ба артиш даъват намешавад”.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ, меафзояд мусоҳиби мо, қонуни нав “комилан нозарур” аст, зеро иттилоъ дар бораи душаҳрвандӣ дар хадамоти марзбонӣ мавҷуд аст - "ин одамон ҳар бор ҳангоми убури марз ҳарду шиносномаи худро нишон медиҳанд”. Хонум Ганнушкина қонуни навро барои “таҳқиромез” ва "таҳрикдиҳанда" мехонад, зеро дар дили мардум нисбати афроде, ки шиносномаи дигар кишварро доранд, ҳисси нобоварӣ ва ҳатто нафратро бедор мекунад ва бархе ба онҳо чун ба ҷосусҳои хориҷӣ менигаранд”. Ӯ меафзояд, ки тасмими ахир бо ҳаводиси Украина ва сард шудани робитаҳои Маскав бо Амрикову кишварҳои аврупоӣ рабт дорад, ҳарчанд “ҷосусҳои хориҷӣ ба доштани шаҳрвандии Русия ниёзе надоранд”.

Ба гуфтаи коршинос, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, дар Аврупо, дар бораи душаҳрвандӣ мавқеи ягона мавҷуд нест. Бархе аз кишварҳо ба душаҳрвандӣ иҷоза ва ҳатто ба он бартарӣ медиҳанд, баъзеи дигар онро пурра манъ кардаанд. Дар иддае аз давлатҳо ба душаҳрвандӣ бо кишварҳои алоҳида иҷоза додаанд. Баъзе аз кишварҳо аз шаҳрванди хориҷӣ талаб мекунанд, ки баъди дарёфти шиносномаи нав аз шаҳрвандии пешинашон даст бардоранд, аммо кишварҳое низ ҳастанд, ки ин мавзӯъ барояшон бетафовут аст. Бигирем, дар Амрико, мегӯяд хонум Ганнушкина, касе шаҳрванди навро барои рӯ тофтан аз шаҳрвандии пешин маҷбур намекунад ва табиист, ки ҳарфе аз муҷозот барои махфӣ кардани душаҳрвандӣ ҳам нест, зеро ниҳодҳои давлатӣ хуб медонанд, ки кадоме аз шаҳрвандонаш шиносномаи дигар кишварро ҳам доранд.

Паспорти хориҷӣ гирифтед? Паспорти тоҷикиро супоред!

Муҳаммадшариф Нозимов, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки мавзӯи душаҳрвандӣ дар қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии Тоҷикистон» сабт шудааст. Бар пояи банди 4-и ин қонун, ки тақрибан 20 сол пеш пазируфта шуда буд, шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи дарёфти шиносномаи дигар кишвар надорад, “ба ҷуз ҳолатҳое, ки дар Қонун ва созишномаҳои байнидавлатӣ сабт шудаанд”. Ба гуфтаи вакили парлумон, айни ҳол

Тоҷикистон фақат бо Русия созишномаи байнидавлатӣ имзо кардааст ва шаҳрвандони Русия метавонанд шаҳрвандии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи Русияро дарёфт кунанд.

Зиёратшоҳи Саъдулло, дигар вакили парлумон, мегӯяд, ки қавонини Тоҷикистон ҳамчунин ироаи шаҳрвандии фахрӣ ба хориҷиҳоро пешбинӣ кардааст. Ин унвон аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба онҳое лоиқ дониста мешавад, ки барои Тоҷикистон ваё барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ хизмати бузургеро анҷом додаанд.

Муҳаммадшариф Нозимов мегӯяд, ки як теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз солҳои тулонии иқомат дар Амрикову Аврупо шаҳрвандии он кишварҳоро пазируфтаанд. Аммо дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар барои онҳо маънои ботил шудани шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва шаҳрванди ҳамакнун собиқ бояд аз дарёфти шиносномаи дигар кишвар вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро дар ҷараён гузорад.

Аммо ба назар мерасад, ки дар қонун дар бораи махфӣ нигаҳ доштани шаҳрвандии кишвар чизе гуфта нашудааст. Аслан, аз нигоҳи Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бояд қонун дар бораи шаҳрвандӣ таҷдиди назар ва дарёфти шаҳрвандии дигар кишварҳо барои мардуми Тоҷикистон иҷоза дода шавад. Ӯ мегӯяд, баъди аз сӯи Русия содда шудани дарёфти шаҳрвандӣ аз сӯи сокинони кишварҳои шӯравии

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад

собиқ ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон талоши дарёфти шиносномаи русиро мекунанд. Афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия дар кишвар мавқеи Душанбе дар бархе аз баҳсҳои сиёсӣ бо Маскавро заъиф мекунад. Ба гуфтаи Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, “таҷрибаи Қрим ва баъзе аз дигар кишварҳои шӯравии собиқ нишон медиҳад, ки Русия аз абзори вуҷуди аққалиятҳои миллӣ ва шаҳрвандони худ ба аҳдофи сиёсӣ, ба аҳдофи геополитикии худ баҳрабардорӣ мекунад”.

Аз сӯи дигар, аз нигоҳи таҳлилгар, тоҷиконе, ки шиносномаи Амрико ва кишварҳои аврупоиро соҳиб шудаанд, дар сурати лағви шаҳрвандии Тоҷикистон зудтар “бегона” мешаванд, ҳоло он ки имрӯз маҳз онҳо муаррифгари аслии фарҳанги тоҷиконанд.

Зимнан, бисёр тоҷиконе, ки шаҳрвандии Амрико ва кишварҳои аврупоиро пазируфтаанд, ҳоло маҷбуранд бо шиносномаҳои он кишварҳо вориди Тоҷикистон шаванд – онҳо ҳар бори зиёрати ватани бобоии худ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо пардохти 56 доллар раводиди якмоҳаи сайёҳӣ мегиранд.

Бо шиносномаи хориҷӣ ба маҳбас?

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз, Қирғизистон, ҳам душаҳрвандӣ расман манъ карда шудааст. Дар Қонуни асосии Қазоқистон гуфта шудааст, ки шаҳрванди Қазоқистон наметавонад ҳамзамон шаҳрванди давлати дигар бошад. Дар сурати пазируфтани шаҳрвандии дигар кишвар ӯ билофосила ҳаққи шаҳрванди Қазоқистон буданро гум мекунад. Дар Қонун дар бораи шаҳрвандии Узбакистон ҳам ба нукта таъкид шудааст. Шаҳрванди Туркманистон низ ҳаққи шаҳрванди дигар кишвар буданро надорад. Мақомоти ин кишвар ҳатто созиш дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро лағв карда, то тобистони соли гузашта ба афроди соҳиби ду шиноснома мӯҳлат доданд, ки миёни шаҳрвандии Туркманистону Русия якеро интихоб кунанд.

Фақат дар қавонини Қирғизистон ба сокинони кишвар ҳаққи дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар ва ба хориҷиҳо ҳаққи дарёфти шиносномаи қирғизӣ дода шудааст. Дар ин кишвар шакли соддаи гирифтани шаҳрвандӣ ҳам мавҷуд аст – онҳое, ки дар бахши олму фановарӣ ва фарҳанг дастоварди бузург доранд, мутахассисони варзида ва дорои касбҳои барои Қирғизистон зарурӣ, сармоягузорони бахши иқтисод ва паноҳандагон ҳаққи зуд соҳиби шиносномаи қирғизӣ шуданро доранд. Аммо дар Қирғизистон ба кормандони ниҳодҳои давлатӣ дарёфти шаҳрвандии дигар кишварҳо манъ шудааст.

Қабл аз Русия Озарбойҷон ҳам муҷозот барои махфӣ нигаҳ доштани шиносномаи дигар кишварро муқаррар карда буд. Озарие, ки шаҳрвандии дигар кишварро пазируфтааст, бояд тайи як моҳ мақомоти давлатиро дар ҷараён гузорад. Аммо, бар пояи хабарҳо, то ҳанӯз маълум нест, ки дар сурати махфӣ нигаҳ доштани шаҳрвандии дигар давлат ӯ ҷазои маъмурӣ хоҳад дид ё ҷиноӣ?

Дар бархе аз кишварҳо барои доштани ду шиноснома ҷазои сахт ҳам пешбинӣ шудааст. Дар Ҳиндустон, ки душаҳрвандӣ манъ шудааст, агар фарди дорои шиносномаи ҳиндӣ аз марз бо дигар шиноснома убур кунад, ӯро ҷарима интизор аст. Дар сурати такрори ин амал шаҳрванд маҳкум ба зиндон мешавад. Дар Сингапур ҳам соҳибони шиносномаи миллӣ дар сурати бо шиносномаи дигар кишвар аз марз убур кардан боздошт ва равонаи маҳбас мешаванд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG