Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон


Рӯзи 4 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Масъулони дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, ки ба манзури ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ба Тоҷикистон ҳайати 60 нафараи аҳли фарҳангу ҳунари Туркманистон ташриф овардааст. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, соати 18.00 шоми 4-уми август дар толори Театри опреа ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG