Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба Ҳамос технологияҳои мушаксозӣ додааст


Як мақоми расмии Эрон ошкор эълон кард, ки кишвараш ба созмони тундрави Ҳамоси фаластиниён технологияи мушаксозӣ додааст. Телевизиони давлатӣ ва арабизабони Ал–Алами Эрон аз қавли Муҳсин Ризоӣ, дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом хабар дод, ки “мушакҳои муқовимати фаластиниён аз баракати технологияҳои мушаксозии Эрон аст.” Телевизион аз қавли Муҳсин Ризоӣ ҳамчунин гуфт, “Эрон бояд ба фаластиниҳо фанновариҳои низомиву дифоъӣ бидиҳад, то онҳо тавонанд, дар муҳосира ҳам аслиҳа бисозанд ва худро муҳофизат кунанд.” Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ чанде пеш ба Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон навишт, ки ба Ҳамос системаи дифоъи ҳавоӣ бифристад, то худро аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои Исроил муҳофизат кунанд. Ба иддаои Муҳсин Ризоӣ бо вуҷуди ҳамлаҳои Исроил “тасисоти тавлиди аслиҳа осеб надидаанд.”

XS
SM
MD
LG