Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия омодагӣ мебинад

Бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи ҷумъаи 8-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ миёни ин ду дастаи мунтахаб ба шумор меравад.

Дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи ФИФА – Созмони ҷаҳонии футбол - мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар яке аз тамринҳои даста бо Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ҳамсӯҳбат шуд. Вай гуфт, “мо омодагиро аз рӯзи 29-уми июл дар урдугоҳи худ, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор шурӯъ кардем. Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 23 бозигар дасъват шудаанд, ки ду нафарашон легионер мебошанд: яке Давронҷон Эргашев аз тими “Жетису”-и Қазоқистон ва дувумӣ Нозимҷон Бобоҷонов аз ҳайати ҷавонони “Рубин”- Қазон. Мо ба бозии дӯстона ҳамаҷониба омодагӣ мебинем. Рақибамон – мунтахаби Малайзия дастаи хубу пурқувват аст. Федератсиони футболи Тоҷикистон барои мо тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем ва мухлисонамонро шод гардонем.”

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки баъди бозӣ бо мунтахаби Малайзия, футболбозони тоҷик 12-уми август дар шаҳри Алмаато бо тими миллии Қазоқистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Инчунин имсол боз як бозии дӯстона рӯзи 4-уми сентябр дар меҳмонӣ бо мунтахаби Беларус дар назар аст.

Ин бозиҳои дӯстона барои мо хеле муфид ва заруранд, зеро ки мо соли оянда дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон ширкат хоҳем кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG