Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ихроҷи нерӯҳои Исроил аз Ғазза такмил шуд


Артиши Исроил гуфт, ки баъди ҳукми иҷро гирифтани созиши оташбаси 72-соата дар рӯзи 5-уми август, тамоми нерӯҳояшро аз Навори Ғазза берун кашидааст. Питер Лернер, сухангӯи артиши Исроил, гуфт, ки нерӯҳову тонкҳои кишвараш аз Ғазза берун омадаанд ва дар хориҷ аз он “дар ҳолати дифоъӣ қарор гирифтанд”. Пеш аз шурӯъи оташбас дар соати 8 маҳаллӣ тундравони Ҳамос ва нерӯҳои Исроил ба ҳамдигар ҳамла карданд. Ҳамос силсилаи мушакҳоро ба Исроил партоб карда ва онро “ниқор барои қатли оми фаластиниён” номид. Ҳавопаймоҳои Исроил дуруст пеш аз шурӯъи оташбас панҷ дафъа ба мавқеъи созмони Ҳамос мушак андохтанд. Созиши оташбас рӯзи чаҳоруми август бо мусоидати Миср ҳосил шуд. Дар натиҷаи ҷанги тақрибан якмоҳаи Исроилу созмони Ҳамос дар Навори Ғазза 1850 фаластинӣ ва аксаран ғайринизомиён кушта шуданд. Аз тарафи Исроил 64 сарбоз ва 4 шаҳрванди осоишта ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG