Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон тафтиши хабарҳои тиҷорати ғайриқонунии котиби якуми сафорати ин кишвар дар Ӯзбакистонро оғоз кардааст.

Полиси Ӯзбакистон мегӯяд, онҳое, ки бо иттиҳоми фурӯши арақу шароби худсохт боздошт шудаанд, баёнот додаанд, ки ин тиҷоратро котиби якуми сафорати Қирғизистон дар Тошканд Қанотбек Шаршанбек ташкил кардааст.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Турдакун Сиддиқов ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ин хабар дар чанде аз расонаҳои ахбори ом пайдо шуд. Мо барои санҷиши ҳамин хабарҳо дипломати худро ба Бишкек фаро хондем. Баъд аз анҷоми тафтиш дар ин бора батафсил маълумот хоҳем дод.”

Хабари он ки котиби якуми сафорати Қирғизистон дар Тошканд Қанотбек Шаршанбек муддати дарозе бо тиҷорати машруботи алкоголии сохта машғул аст, ним моҳ пеш дар расонаҳои ахбори оми Ӯзбакистон чоп шуда буд. Дертар ин хабарро расонаҳои ҳамагонии Қирғизистон бознашр карданд ва танҳо он гоҳ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҷаноби Шаршанбекро аз Тошканд бозхонд.

Дар хабарҳо ба нақл аз кормандони умури дохилии Ӯзбакистон гуфта мешуд, ки дар ноҳияи Юнусобод шаҳри Тошканд ду нафар ҳангоми фурӯши машруботи худсохт боздошт шуда, дар бозпурсӣ гуфтаанд, ки сарвари онҳо корманди сафорати Қирғизистон аст.

Ин дар ҳолест, ки номи котиби якуми сафорати Қирғизистон дар Тошканд Қанотбек Шаршанбек дар гузашта низ дар Ӯзбакистон расонаӣ шудааст. Соли 2013 матбуоти Ӯзбакистон навишта буд, ҷаноби Шаршанбек пизишкони ӯзбакро дашном дода, суханонеро ба забон овардааст, ки ангехтани нафрати байнимиллӣ шумурда шудаанд.

Баъд аз ин низ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Қанотбек Шаршанбек ба Бишкек фаро хонда буд. Дертар вазорат эълом дошт, ки навиштаҳои матбуоти Ӯзбакистон дар ҳаққи и дипломат асос надошта, вай метавонад, фаъолияти худро дар Тошканд идома диҳад.

Пас аз чанд ҳафтаи ин моҷаро, тобистони соли гузашта Бишкек ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон нотаи эътирозӣ фиристод, ки котиби якуми сафорати Ӯзбакистон дар Қирғизистон М. Хайриддинов ва ҳамроҳони ӯ дар маркази Бишкек ба шаҳрванди Қирғизистон дарафтода, ӯро маҷрӯҳ кардаанд.

Коршиносон дар Бишкек моҷарои нави марбут ба номи Қанотбек Шаршанбекро ба сардии равобити байни ду кишвар бастагӣ медиҳанд. Аммо вазири пешини умури хориҷии Қирғизистон Аликбек Жекшенқулов мегӯяд, набояд ин воқеаро ба муносибатҳои байни ду кишвар нисбат дод: “Масъала ҷудост. Сониян, панҷ-шаш сол аст, ки чунин рӯйдодҳо ба миён меоянд. Барои намуна, дипломатҳои қирғиз дар Бритониё ҳангоми фурӯши тамоку боздошт шуданд. Пеш аз он чанд дипломати қирғиз дар Ню Йорк ба фурӯши машруботи озод аз боҷи гумрукӣ машғул шудаанд. Ин ҳама ба иллати беэҳтиромӣ ва бемасъулиятии дипломатҳо ба вуқӯъ пайвастааст.”

Дар меҳвари моҷароҳои гуногун қарор гирифтани дипломатҳо падидаи нав нест. Дар гузашта хабари ёфт шудани маводи мухаддир аз мошини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сархатти расонаҳои хабарӣ табдил ёфта буд. Он ҳам дар ҳоле, ки сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар маркази Душанбе бо мошин ду кӯдакро маҷрӯҳ карда, ошкор шуда буд, ки сармаст мошинронӣ кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG