Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони бозгашти нерӯҳои бритониёӣ ба Афғонистон


Сарфармондеҳии нерӯҳои артиши Бритониё аз имкони бозгашти сарбозони ин кишвар ба Афғонистон баъд аз соли 2014 сухан гуфтааст.

Генерал Петер Валл, сарфармондеҳи нерӯҳои артиши Бритониё гуфтааст, ки агар Афғонистон бори дигар ба лонаи террористон мубаддал шавад, имкон дорад нерӯҳои бритониёӣ ба Афғонистон баргарданд.

Генерол Петер Валл гуфтааст, бовар дорад, ки дар поёни соли ҷорӣ ва бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, нерӯҳои афғон худ тавони таъмини амнияти кишварашонро хоҳанд дошт. Генерал Петер Валл ҳамчунон гуфт, агар вазъият тағйир кунад ва Толибон манотиқеро тасарруф кунанд, имкон дорад ба баргашти нерӯҳои бритониё ба Афғонистон ниёз бошад.

Сарфармондеҳи нерӯҳои Бритониё дар сӯҳбат ба Daily Telegraph ҳамчунон гуфт, "ин хеле муҳим аст, ки нерӯҳои амниятии афғон бар зидди баргашти шабакаи Ал-Қоида мубориза намоянд. Агар ҷангиёни Толиб ва Ал-Қоида дубора фурсат доштанд паноҳгоҳҳо дар Афғонистон биёбанд, мо бояд дар ин масъала фикр кунем, ки оё ба талошҳои дигари мо ниёз ҳаст ё не. Вале ин масъала дар ҳоли ҳозир кори афғонҳо ва раҳбарони Афғонистон мебошад."

Дар ҳамин ҳол сухангӯи вазорати дифои Бритониё ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон 4100 сарбоз дорад ва аз ин ҷумла шуморе аз онҳо баъд аз соли 2014 барои омӯзиши нерӯҳои афғон дар кишвар боқӣ хоҳанд монд.

Генерал Петер Валл гуфтааст, нерӯҳои амниятии афғон бар Толибон дасти боло доранд ва тавонистаанд амнияти ду интихобот дар кишварашонро таъмин кунанд ва собит сохтанд, ки Толибон тавони халалдор кардани амниятро доранд. Ин фардондеҳи 59 солаи бритониёӣ гуфт, "қуваҳои ҷангии артиши Афғонистон ҳамроҳ бо эътимоди мардум, ҳамлаҳои Толибонро бо шикаст рӯбарӯ кардаанд, вале ҳанӯз гуфта наметавонем, ки Толибон шикасти комил хӯрдаанд."

Вай афзуд, дар минтақаҳое, ки мо дар оварадани тағйироти иҷтимоӣ дар он муваффақ нашудаем, бояд корҳои зиёде анҷом шавад. Қобили зикр аст, ки аз соли 2001 ба ин сӯ 453 сарбози бритониё дар Афғонистон кушта шудаанд. Нерӯҳои ин кишвар умдатан дар вилояти ноороми Ҳилманд бо Толибон даст ба гиребон буданд.

XS
SM
MD
LG